Пайвандҳои дастрасӣ

Як қадам то финали қаҳрамонии Осиё-2020. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Лубнонро мағлуб кард  


Акс аз сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии дувумаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” тими Лубнонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Ин бозӣ шоми ҷумъаи 4-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Голи ягонаро ҳамлагар Шаҳром Самиев дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 46-ум, ба самар расонид.

Дар бозии дигари даври дувуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи «С» рӯзи ҷумъа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мунтахаби Сурия бар дастаи Ҷазираҳои Молдив бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 2-юми октябр дар бозии даври аввали марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” тими Ҷазираҳои Молдивро бо ҳисоби бузурги 9:0 шикаст дода буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври дувум дар гурӯҳи “С” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Мунтахаби ҷавонони Сурия бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Лубнон бо як имтиёз дар ҷойи севум аст. Мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Дар даври севум ва охирини гурӯҳи “С”, ки рӯзи якшанбеи 6-уми октябр доир мегардад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Сурия рақобатмекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро барои дар гурӯҳи “С” ғолиб шуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ ёфтан, дар бозии охирини интихобӣ бо тими Сурия натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад.

Пеш аз бозии ҳалкунанда миёни дастаҳои Тоҷикистону Сурия рӯзи якшанбе дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тимҳои мунтахаби ҷавонони Лубнон ва Молдив соати 16:00 ба рақобат мепардозанд.

Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола 46 даста ширкат меварзад, ки тибқи қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст. Дар минтақаи Ғарб шаш гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ панҷ гурӯҳ таъсис ёфтааст.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон, ки аз 14-ум то 31-уми октябри соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунанд.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Молдив – 9:0

Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Иброҳим Дҳаисам, 76 – ба дарвозаи худ (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).

2 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2920 тамошобин.

Сурия – Лубнон – 1:1

Голҳо: Умар Рамазон, 40 (1:0). Карим Маккавӣ, 73 (1:1).

2 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Даври 2-юм

Лубнон – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Шаҳром Самиев, 46

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҷонибек Шарипов, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Маҳмуд Пиров, Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Ҳамадонӣ Камолов, 37), Шарифбек Раҳматов, Шоҳрух Сангов (Рустам Соиров, 46), Ислом Зоиров, Шаҳром Самиев (Эмомалӣ Аҳмадхон, 90+1).

Огоҳонида шуданд: Шоҳрух Қирғизбоев, Шаҳром Самиев (Тоҷикистон).

Сардовар: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафаҳ (Урдун).

Нозири доварон: Селераҷен Субраманиан (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

4 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4800 тамошобин.

Молдив – Сурия – 2:3

Голҳо: Савӣ Иброҳим, 19 (1:0). Савӣ Иброҳим, 25 – ба дарвозаи худ (1:1). Муҳаммад Ал-Авад Ал-Малҳем, 33 (1:2). Ҳасан Нозим, 55 (2:2). Умар Рамазон, 62 (2:3).

Огоҳонида шуданд: Ҳасан Лавҳ, Аҳнаф Рашид (Молдив), Мустафо Сафронӣ, Адиб Машҳадонӣ (Сурия).

Сардовар: Алӣ Шаъбон (Кувайт).

Нозири доварон: Мухтор Солеҳ Алӣ Ал-Яримӣ (Яман).

Комиссари бозӣ: Ҷаргал Сухбаатар (Муғулистон).

4 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

10-0

6

2

Сурия

2

1

1

0

4-3

4

3

Лубнон

2

0

1

1

1-2

1

4

Молдив

2

0

0

2

2-12

0

Даври 3-юм

6-уми октябр (якшанбе)

16:00 – Лубнон – Молдив

19:00 – Тоҷикистон – Сурия

Эзоҳ: Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG