Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидгоҳҳои мутафовит ба таъсиси "Легиони хориҷӣ" дар артиши Русия


Ҷавонони тоҷик дар мавриди таъсиси "Легиони хориҷӣ" дар артиши Русия ва хизмати хориҷиҳо дар нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар, назари яксон надоранд.

Рӯзи ҷумъаи 2-юми январ раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро содир кард, ки бар пояи он тартиби ҷалби хориҷиён дар артиши он кишварро муайян мекунад. Тибқи ин фармон, ҳарбиёне, ки шаҳрвандони хориҷианд, имкон доранд дар вазъияти ҷангӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, мутобиқ ба тартиби муқарраркардаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои Русия, ба артиш ҷалб шаванд. Бар пояи ин фармон, бо шаҳрвандони хориҷие, ки зери пайгарди қонунӣ ва ё додгоҳ қарор доранд, ва инчунин мӯҳлати адои ҷазояшон тамом нашудааст, шартнома баста нахоҳад шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 5--уми январ назари ҷавонони тоҷик роҷеъ ба ин тасмими раиси ҷумҳури Русияро ҷӯё шуд ва назари онҳоро дар ин робита мутафовит дарёфт. Агар бархе мегӯянд, ки бо дарёфти маоши хуб ва шароити муносиб, омодаанд дар ин "легион" хизмат кунанд, иддае мегӯянд, ки худ ватан доранд ва чаро барои як кишвари дигар худро қурбон кунанд. Посухҳои ин ҷавононро дар навори зер тамошо кунед ва ҳатман назари худро дар ин робита бо мо дар миён бигузоред.

Назари ҷавонони тоҷик ба таъсиси "Легиони хориҷӣ" дар артиши Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

XS
SM
MD
LG