Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Маскав


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷавоизи ҷенерол Асламбек Аслаханов, қаҳрамони 7-каратаи ҷаҳон, дар Маскав ду медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷавоизи ҷенерол Асламбек Аслаханов, қаҳрамони 7-каратаи ҷаҳон, ки дар пойтахти Русия баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик ду медал ба даст оварданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 23-юми октябр хабар дод. Вай афзуд, “дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзҳои 16-19-уми октябр дар Қасри гуштии ба номи Иван Яригини шаҳри Маскав барои бори сездаҳум баргузор шуд, ҳудуди 200 гаштигир (мардону занон) аз 14 кишвари ҷаҳон - Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Юнон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, Беларус, Гурҷистон, Австрия, Узбакистон, Мароккаш, Олмон ва Финляндия дар 9 вазн рақобат карданд. Ба ҳайати мунтахаби самбои Тоҷикистон 11 варзишгар шомил буд.”

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдулло, ду паҳлавони тоҷик - Диловар Сангов дар вазни то 57 кг ва Хушқадам Хисравов дар вазни то 62 кг – барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин паҳлавони дигари тоҷик Аҳтам Ҳусейнов дар вазни беш аз 100 кг мақоми панҷумро гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа

Мардон:

52 кг

1. КЛЮКИН Алексей (Русия)

2. КУБАРКОВ Андрей (Русия)

3. ТОТОЕВ Ричард (Русия)

3. ПАВЛОВ Николай (Русия)

57 кг

1. БЕКЕТОВ Толобек (Русия)

2. АШИХИН Вагид (Русия)

3. МУЗАШВИЛИ Торнике (Гурҷистон)

3. САНГОВ Диловар (Тоҷикистон)

62 кг

1. БЕРЕЗОВСКИЙ Владимир (Русия)

2. МАГДИЧ Евгений (Русия)

3. ХИСРАВОВ Хушқадам (Тоҷикистон)

3. ТУҲФАТУЛИН Иля (Русия)

68 кг

1. КЛЕТСКОВ Дмитрий (Русия)

2. ГУКЕВ Рамед (Русия)

3. СЕРГЕЕВ Виталий (Русия)

3. ЛИЛУАШВИЛИ Миндиа (Гурҷистон)

74 кг

1. ДАВИДОВ Денис (Русия)

2. ҲАСАНОВ Эмил (Озарбойҷон)

3. МАМУЛАШВИЛИ Каха (Гурҷистон)

3. ОДИНСОВ Григорий (Русия)

82 кг

1. ПУЖАЕВ Владимир (Русия)

2. АЙНУЛИН Равил (Русия)

3. РАҲМОНОВ Улуғбек (Узбакистон)

3. ПЕРЕПЕЛЮК Андрей (Русия)

90 кг

1. РУМЯНСЕВ Павел (Русия)

2. ГУСАРОВ Андрей (Русия)

3. КАЗУСЕНОК Андрей (Беларус)

3. КОНОВАЛОВ Антон (Русия)

100 кг

1. СЕМОЧКИН Евгений (Беларус)

2. ШУЛГА ВИТАЛИЙ (Русия)

3. БЕРНЕТСКИЙ Владислав (Русия)

3. ГУРУЛИ Лаша (Гурҷистон)

Беш аз 100 кг

1. ШИРЯЕВ Максим (Русия)

2. РИБАК Юрий (Беларус)

3. БЕРДЗЕНИШВИЛИ Бека (Гурҷистон)

3. САФАРБОЕВ Восиф (Озарбойҷон)

Дар айни ҳол паҳлавонони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки аз 20-ум то 24-уми ноябр дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG