Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои Сомон дар Ҷоми Осиё дар Ҳонконг


Сомон Маҳмадбеков
Сомон Маҳмадбеков

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо, ки имрӯз, 1-уми декабр, дар Ҳонгконг шуруъ шуд, ду медал ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки рӯзи якшанбе ба поён мерасад, 220 варзишгар (128 мард ва 92 зан) аз 29 кишвар ширкат дорад.

Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё дар Ҳонконг ду гуштигири ҷавон - Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов - намояндагӣ карданд. Ҳар ду дар вазни зери 73 килограмм, ки ҳамагӣ 27 гуштигир ширкат дошт, рақобат намуданд.

Сомон Маҳмадбеков, ки ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард, бар рақибаш Эрчаогету Аму аз Чин пирӯз шуд. Баъдан дар чорякфинал бар Кеисеи Накано аз Филиппин ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ Чоиҷилсурен Ганболди муғулро мағлуб намуда, ба финал роҳ ёфт. Сомон дар қувваозмоии ниҳоӣ Даичи Танакаи ҷопониро шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Хайёмиддин Ҷабборов бошад, баъди се пирӯзӣ бар Септиан Аҷӣ Янгсян (Индонезия), Чун Синг Чуи (Ҳонгконг) ва Хадбаатар Наранхуу (Муғулистон) ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз Даичи Танака (Ҷопон) шикаст хӯрд. Хайёмиддин дар рақобат барои медали биринҷӣ бар Кеисеи Накано (Филиппин) ғолиб шуд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа мардон дар се вазн (то 60, то 66 ва то 73 кг) ва занон дар чор вазн (то 48, то 52, то 57 ва то 63 кг) рақобат карданд. Баъди натиҷагирии рӯзи аввали қувваозмоиҳо дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 7 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Муғулистон бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм мебошад.

Канада ва Тайпейи Чин бо натиҷаҳои мушобеҳ – 2-медалӣ (1 тилло ва 1 биринҷӣ), инчунин як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум - ҷойи сеюмро соҳиб шудаанд. Тоҷикистон бо касби 2 медал (1 тилло ва 1

биринҷӣ) мақоми паҷумро касб намудааст.

XS
SM
MD
LG