Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муътоде, ки расули зиндагии солим шуд. ВИДЕО


Шарифбек Сафаров тамринҳои ҳаррӯзаашро аз насиҳати шогирдон оғоз мекунад, ки мабодо ба роҳе, ки ӯ як замон рафта буд, нараванд. Ӯ таҷрибаи зиндагии талхро дорад ва медонад, қадами каҷ ба куҷо мебарад.

Шарифбек Сафарови 56-сола, сокини ноҳияи Вахш, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон оид ба дзюдо як замон мӯътоди маводи мухаддир шуд, вале ҳоло мураббии варзиш аст ва дар яке аз толорҳои маъруф дар ноҳияи Вахш ба шогирдонаш дзюдо меомӯзад.

Дар солҳои пур аз мусибати ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба маводи мухаддир овард. Соли 1992 фармондеҳи як гурӯҳи мусаллаҳ буд ва он рӯзҳои бадро ба ёд меорад, ки чӣ гуна таъми маводи мухаддиро чашиду гирифтори балои баде шуд.

Муътоде, ки расули зиндагии солим шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:06 0:00

​“Соли 1992 буд. Афғонҳо омаданд, бо пул аз ҳарду тараф ҷанг мекарданд. Ҳамон чизро (тарёк) оварданд, мо намедонистем чӣ буд. Он вақт лойи сиёҳ мегуфтанд” -гуфт, ӯ дар сӯҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ.

Ҳоло мегӯяд, чӣ кори нодуруст кард, ки аз он “лойи сиёҳ” чашид. Бисту ҳафтсола буд, ки ҷанги дохилӣ ба поён расид, вале истеъмоли маводи мухаддир ба ӯ кӯмак мекард, ваҳшатҳои ҷангро барои муддате ҳам бошад аз ёд барад. Вале баъдан дарёфт, ки дигар идома додани зиндагӣ ба ин шакл маънӣ надорад.

“Ман дар 15-солагиам чемпиони республика будам, чанд карат қаҳрамони дзюдо ва самбо шудаам. Ҳамин варзиш маро аз ҳамаи ин кор халос кард” – мегӯяд, Шарифбек Сафаров.

Ӯ ҳашт фарзанд дорад, ки марҳилаҳои сахтеро бо падар пушти сар карданд ва ӯро танҳо нагузоштанд. Модар бо фарзандони бузургаш бори зиндагиро бар дӯш гирифта буд. Самбуса мепухт, мефурӯхту рузгорро таъмин мекард. Ба Шарифбек ҳам кӯмак мекарданд, ки аз балои бад халос шавад. Соли 2014 бо имдоди созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба муолиҷа шурӯъ кард, ба ҳадафаш расид.

“Худамро гоҳе ҳақорат мекунам, ки чаро ба он кор даст задам. Бахудо аз кори кардаам, сад бор пушаймонам. Шукр, ки аз ҳамин чиз баромадам“ – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Ҳоло рӯзгори дигаре дорад ва дар толори варзишии ноҳияи Вахш дзюдо дарс медиҳад. Ӯро дигар ба ҳайси нафар мешиносанд, ки зиндагии солимро дар ноҳия тарғиб мекунад.

Рӯзе нест, ки ба шогирдонаш дар бораи зарари маводи мухаддир нагӯяд. Шогирдонаш ҳам аз ӯ розиянд. “Ба мо хуб мефаҳмонанд, варзиш ба инсон рӯҳ медиҳад ва инсонро аз ҳар намуд касалиҳо эмин медорад” -мегӯяд, яке аз шогирдонаш.

Шарифбек мегӯяд, бачаҳо ҳар қадар дар бораи зиёну даҳшати маводи мухаддир бидонанд, ҳамон қадар аз хатари мӯътодӣ дар оянда эмин мемонанд. Дар қатори шогирдон, чаҳор набераи худи Шарифбек низ ҳастанду аз бобо дзюдо меомӯзанд.

XS
SM
MD
LG