Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо. ВИДЕО, САДО


Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони навраси тоҷик, дар Ҷоми ҷудои Аврупо байни наврасон (European Judo Union), ки рӯзҳои 1-2-юми апрел дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳо дар вазни зери 81 килограмм баъди се пирӯзӣ бар Мансур Лорсанов (Русия), Избассар Ералиев (Қазоқистон) ва Размик Барави (Русия) ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон шикаст дод бо медали тилло сарфароз гашт.

Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 11 варзишгар дохил буд. Вале даҳ нафари дигар дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Медали тиллои Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон дар Тула 323 варзишгар (207 писар ва 116 духтар) аз 16 кишвар иштирок дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 41 медал (10 тилло, 12 нуқра ва 19 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Гурҷистон (2-3-1) ҷойи дувум ва мунтахаби Италия (2-0-3) ҷойи севумро гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали тилло баъд аз Беларус (1-0-2) ҷойи 5-умро соҳиб шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни то 81 кг миёни наврасон (кадетҳо), ки дар сомонаи расмии Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, бо 341 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст.

Медали тиллои Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
Линки мустақим

Бояд гуфт, ки Ҷаҳонгир Маҷидов соли 2016-ум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон, Макаои Чин ва Ҳонконг ғолиб шуда, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” дар шаҳри Якутски Русия ҷойи дуюм ва дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон ҷойи сеюмро ишғол кард.

Барои ин дастовардҳои бузургаш ӯро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини соли 2016 дохил намуд. Ҷаҳонгир Маҷидов бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва АЖРВТ сарфароз гардид.

Ҷаҳонгир аз оилаи паҳлавонон Маҷидовҳо мебошад. Бародари бузурги ӯ Хуршед Маҷидов ду сол пеш қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар вазни беш аз 90 кило, барандаи Ҷоми Аврупо байни наврасон гардида буд. Соли гузашта бошад, ӯ Ҷоми мири шаҳри Иркутскро дар миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-1999 дар вазни беш аз 100 кило ба даст оварда, инчунин дар Ҷоми Осиё соҳиби медали нуқра шудаааст.

XS
SM
MD
LG