Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зелимхон Юсупов – барандаи ҷоизаи раҳбари Бурятистон


Зелимхон Юсупов
Зелимхон Юсупов

​Зелимхон Юсупов, паҳлавони Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷоизаҳои сарвари Ҷумҳурии Бурятистони Русия медали тилло ба даст овард.

Зелимхон Юсупов, паҳлавони Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷоизаҳои раҳбари ҷумҳурии Бурятистони Русия ғолиб шуд.

Ин мусобиқаи анъанавӣ барои бори 20-ум дар пойтахти Бурятистон – Улан-Удэ бо иштироки беш аз 130 варзишгар аз Арманистон, Гурҷистон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Чин ва Ҷопон баргузор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Зелимхон Юсупов, барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVII осиёӣ, дар рақобатҳо дар вазни то 70 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Анхбаяр Батчулууни муғул бо ҳисоби 10:0 ғалаба кард.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷоизаҳои сарвари Ҷумҳурии Бурятистон:

57 кг
1. Согтбаатор Дамдинбазар (Муғулистон).
2. Моришита Фумитака (Ҷопон).
3. Батболд Содномдаш (Муғулистон) ва Хигучи Рей (Ҷопон).

61 кг
1. Александр Богомоев (Русия).
2. Батболд Номин (Муғулистон).
3. Даша Шарастепанов (Русия) ва Баянмунх Банзарагч (Муғулистон).

65 кг
1. Ишида Томотсугу (Ҷопон).
2. Бозор Бозоргуруев (Қирғизистон).
3. Батмагнай Батчулуун (Муғулистон) ва Маеда Шото (Ҷопон).

70 кг
1. Зелимхон Юсупов (Тоҷикистон).
2. Анхбаяр Батчулуун (Муғулистон).
3. Алтангэрэл Дорҷсэгмед (Муғулистон) ва Исроил Қосимов (Русия).

74 кг
1. Александр Зеленков (Русия).
2. Пуревжав Онорбат (Муғулистон).
3. Арсалан Будажапов (Русия) ва Артур Хутсистов (Русия).

86 кг
1. Матсумото Атсуши (Ҷопон).
2. Усухбатор Пурвэ (Муғулистон).
3. Уитумэн Оргодол (Муғулистон) ва Акатума Ноя (Ҷопон).

97 кг
1. Карапет Арутунян (Русия).
2. Юрий Белоновский (Русия).
3. Ямагучи Такеши (Ҷопон) ва Худэрбулга Дорҷханд (Муғулистон).

125 кг
1. Чулуунбат Жаргалсайхан (Муғулистон).
2. Михаил Датсенко (Украина).
3. Золбоо Натсагсурен (Муғулистон) ва Балдан Сижипов (Русия).

XS
SM
MD
LG