Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" бо "Динамо"-и Самарқанд бозӣ кард ва ...


Бозигарони дастаи Хуҷанд
Бозигарони дастаи Хуҷанд

Дастаи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, бозии дӯстонаро бо тими Про-лигаи Узбекистон - «Динамо»-и Самарқанд бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии тими “Хуҷанд”, рӯзи 22-юми апрел хабар дод.

Ба қавли ӯ бозии дӯстона миёни дастаҳои «Динамо» ва «Хуҷанд» дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Узбекистон рӯзи ҷумъа, 20-уми апрел, дар варзишгоҳи “Динамо”-и шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Голҳои "Хуҷанд"-ро Бахтиёр Чориев ва Фарҳод Тоҳиров заданд.

Ба ҳайати дастаи "Хуҷанд" дар бозии дӯстона бо “Динамо” 16 бозигар дохил буд:

Дарвозабонҳо - Матросов Алексей (Эстония), Додобоев Дилшод.

Ҳимоятгарон - Ҳакимов Соҳиб, Чақалов Фирдавс, Шарифзода Меҳроҷ, Бекназаров Хуршед, Аҳмадов Манучеҳр.

Нимҳимоятгарон - Ҳоҷибоев Абдусамад, Зиёев Ҳоҷибой, Ҳасанбоев Фурқат (Узбекистон), Каримов Дилшод, Чориев Бахтиёр.

Ҳамлагарон - Азимов Дамир, Бозоров Дилшод, Тоҳиров Фарҳод, Эргашев Ҷаҳонгир.

Сармураббӣ: Юсупов Нумонҷон.

Ин бозиро дар варзишгоҳи “Динамо” дар баробари ҳазорҳо ҳаводорони футбол раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев низ тамошо карданд.

«Динамо»-и Самарқанд, ки соли 1960 таъсис ёфтааст, дар замони шӯравӣ дар лигаи дуюми чемпионати СССР бозӣ мекард, Дар даврони истиқлолияти Узбекистон “Динамо” ширкаткунандаи доимии мусобиқаи Лигаи олии футболи ин кишвар буд (ба ҷуз солҳои 1994, 1998, 2016).

Аз соли 2018 лигаи олӣ Суперлига ва лигаи аввал Про-лигаи Узбекистон номида мешавад. Соли гузашта «Динамо» дар лигаи олии Узбекистон ҷойи 12-умро гирифт ва ба лигаи аввал гузашт. “Динамо” аз мавсими имсола дар Про-лигаи Узбекистон, ки аз рӯи дараҷа ва моҳияти худ дувумин лигаи ин кишвар ба шумор меравад, бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки дастовардҳои бузурги “Динамо” дар замони истиқлолият финалист ва ҷоизадори нуқраи Ҷоми Узбекистон дар мавсими 1999 /2000, инчунин ҷойи чаҳорум дар мавсими соли 2000-ум дар мусобиқаи лигаи олии ин кишвар мебошад.

Дарвоқеъ, дар ҳайати дастаи «Динамо» дар замони Истиқлолияти давлатии Узбекистон шогирдони футболи тоҷик, футболбозони маъруф, монанди Муҳсин Муҳаммадиев, Раҳматулло Фузайлов ва Шӯҳрат Ҷабборов бозӣ кардаанд. Инчунин, собиқ бозигарони дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе Ҳаким Фузайлов (солҳои 2000-2002), Азамат Абдураҳимов (2008-2010), Сергей Арслонов (2010) ва Эдгар Гесс (2017) сармураббиёни “Динамо” буданд.

“Хуҷанд”, ки соли 1976 таъсис ёфтааст, ягона дастаест, ки дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҳамаи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар то имрӯз иштирок мекунад. “Хуҷанд” солҳои 1996, 1997, 2008, 2009 медалҳои биринҷӣ ва солҳои 1998, 2002, 2015, 2017 медалҳои нуқраро ба даст оварда, чор бор (1998, 2002, 2008 ва 2017) барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

«Хуҷанд» дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо 10 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. «Истиқлол»-и Душанбе бо 13 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад.

XS
SM
MD
LG