Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик мизбонони худро "дӯстона" шикаст доданд


Лаҳзае аз бозӣ
Лаҳзае аз бозӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагиаш ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони то 19-сола рӯзи 14-уми апрел дар шаҳри Шарҷа дар бозии дувуми дӯстона бар ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Баъди он ки футболбозони ҷавони тоҷик дар ҷараёни дидор ду гол хӯрданд, ташаббусро ба даст гирифта, ба дарвозаи мизбонон се гол заданд. Ҳамин тариқ, голҳои Шарафҷон Солеҳов, Кароматулло Саидов ва Оятулло Сафаров ба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯзӣ овард.

Ёдовар мешавем, бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон, ки 11-уми апрел дар шаҳри Шарҷа баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Шарҷа имрӯз, 15-уми апрел, ба охир мерасад.

Бозиҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бекаси, Сикаранг, Сибинонг ва Бандунги Индонезия баргузор мешаванд.

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати гурӯҳӣ ибтидои моҳи майи имсол, замоне ки қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқа барпо мегардад, маълум хоҳанд шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб:

Дарвозабонҳо: Ҳомидҷон Исоқов, Далер Азизов, Шоҳрух Қирғизбоев (ҳарсе – «Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама – «Барқчӣ»), Алишер Баротов («Хатлон»);

Нимҳимоятгарон: Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Тоҳир Малодӯстов, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов, Шаҳром Самиев, Атҳамҷон Абдуллоев (ҳарсе – «Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

XS
SM
MD
LG