Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббии тоҷик раиси Федератсияи Осиё шуд


Собир Каримов аз рост дувум.
Собир Каримов аз рост дувум.

Собир Каримов, мураббии тоҷик, раиси Федератсияи қитъавии байналмилалии муҳорибаи умумии Осиё («Unifight» АСИФАУ) интихоб шуд.

Раиси Федератсияи муҳорибаи умумии Тоҷикистон Собир Каримов дар Кунгураи Федератсияи қитъавии байналмилалии Осиё «Unifight» (АСИФАУ), ки дар шаҳри Медини вилояти Калугаи Русия баргузор шуд, якдилона ба вазифаи раиси ин созмон интихоб гардид.

Вишал Сингх (Ҳиндустон), Мӯсо Бакшей (Эрон), Кенҷабек Чекиров (Қирғизистон) муовинони раис ва Олег Гришин (Тоҷикистон) дабири кулли Федератсияи қитъавии байналмилалии Осиё «Unifight» (АСИФАУ) интихоб шуданд.

Дар айни ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Собир Каримов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муҳорибаи умумӣ дар шаҳри Медин ширкат меварзад. Дар ин мусобиқа, ки миёни мардону занон баргузор шудааст, беш аз 250 варзишгар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон рақобат мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар - Ҷавлон Ҳоҷиматов (вазни то 60 кг), Фирдавс Шарипов (то 70 кг), Дониёр Уринов (то 75 кг), Рухшона Раҳмонзода (то 57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (то 62 кг) дохиланд. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ, инчунин, намояндагони Тоҷикистон – Азим Вайдуллоев ва Давлатбой Миров ба ҳайси довар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG