Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бӯсу канор манъ аст!", "Арӯс" даркор"? Ду равиши нави таксиронҳои Душанбе. ВИДЕО


Бархе аз ронандаҳои таксӣ дар Душанбе бо насби огоҳӣ дар дохили мошини худ бӯсу канор ва дигар муносибатҳои маҳрамона барои мусофиронашонро манъ карданд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон гурӯҳе аз ин тасмими ронандаҳо тарафдорӣ мекунанд, вале гурӯҳи дигар онро хилоф ба меъёрҳои як ҷомеаи демократӣ меноманд.

«Бӯсу канор» ва «муносибатҳои маҳрамона» дар дохили таксӣ манъ аст. Огоҳӣ бо ин мазмун дар таксиҳои Душанбе маъмул мешавад. Бархе аз ронандаҳои таксӣ дар пойтахт мусофирони худро бо шарти бӯсу канор ё ишқварзӣ накардан то манзил мерасонанд.

Аммо бархе сокинон зидди чунин шартгузории ронандаҳо ҳастанд ва мегӯянд, ин амал озодиҳои онҳоро маҳдуд мекунад ва дахолат ба ҳарими шахсии онҳо аст.

"Як қоидаи" Муҳаммад барои мусофирон

Муҳаммад сокини 27-солаи шаҳри Душанбе ду соли охир таксӣ меронад. Чанд моҳи пеш баъди як ҳодисаи, ба гуфтаи худаш, ғайриахлоқӣ, дар дохили мошинаш «як қоида» ҷорӣ кард. Бо насб кардани чанд огоҳӣ бӯсу канор ва ишқварзии мусофиронро дар дохили мошинаш қатъиян манъ кард. Ҳадаф аз ин тасмим, ба гуфтаи Муҳаммад, ҷилавгирӣ аз рафторҳои ғайриахлоқии ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дохили таксиҳои мусофирбар аст.

«Ду нафар дар мошин нишаст. Дар аввал суҳбатҳояшон маҳрамона буд, баъдан аз суҳбат ба амал гузаштанд. Ду маротиба огаҳ кардам, ки мошин ҷои ин корҳо нест. Онҳо як дигарро мебӯсиданд. Вақте дидам кор аз кор гузашт, мошинро нигоҳ дошта, дарро кушодам ва гуфтам, фароед. Ин ҳолат аз сӯи духтари тахминан 15-сола ва марди калон анҷом шуд, зиёд нороҳат шудам»-нақл кард ӯ.

"Бӯсу канор манъ аст!", "Арӯс" даркор"? Ду равиши нави таксиронҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00


Муҳаммад мегӯяд, ингуна ҳодисаҳо дар дохили мошинаш борҳо иттифоқ афтодааст. Муштариён дар ин ҳолат, бо шарти дахолат накардан ба амали онҳо дар дохили мошин, пешниҳоди пардохти ҳақи бештари хизмат мекунанд.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар аввал муносибати содаи ошиқонаи бархе мусофиронро таҳаммул мекард, вале шоҳид шуд, ки аксаран марзи ахлоқро убур мекунанд.

«Ҷойи ҷамъиятӣ аст ва инсон шарм мекунад. Аз сӯи дигар, дар ин ҳолат чӣ ҳодиса рух медиҳад, намедонӣ. Вақте мард бешармона духтарро рӯи курсии мошин мехобонаду болояш мебарояд, магар инро мешавад нодида гирифт? Як бор духтаре нишасту сигор кашид. Гуфтам, мумкин нест. Ӯ ба ширкат аз болои ман шикоят кард. Пас аз даҳ дақиқа ба ман занг зада гуфтанд, ки “ту чаро бадани духтарро қапидӣ?». Чунин ҳолатҳо ҳам мешавад, ки дигар намедонед, чӣ кор кунед»,-- гуфт ӯ.

Ҷонибдорон ва мухолифони манъи бусу канор дар таксӣ

Муҳаммад ягона ронандае нест, ки дар дохили мошинаш огоҳии манъи бусу канор насб кардааст. Ба ҳисоби тахминӣ ҳудуди даҳ дарсади таксиҳои пойтахт ба мусофирон чунин қоида ҷорӣ кардаанд ва рӯзҳои ахир ин раванд бештар маъмул мешавад.

Тасмими бархе аз кирокашҳоро сокинони Душанбе ҳам ҷонибдорӣ мекунанд.

Сиёвуш Ҷураев, як сокини пойтахт ба ин бовар аст, ки дар дохили таксӣ набояд мусофирон рафтори маҳрамона кунанд. «Одам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд боэҳтиром бошад. Таксӣ барои нишаста рафтану коратро анҷом додан аст, тамом. Занатро дар хона оғуш мегириву бӯса мекунӣ»,--гуфт ӯ.

Ҷонибдорони ин тасмим мегӯянд, қонунҳои Тоҷикистон оғӯш ва ҳатто бӯсу канор дар дохили таксӣ ва мусофирбарҳои ҷамъиятиро манъ намекунанд, аз ин рӯ, ронандаҳо маҷбуранд “марзи одобро”-ро дар ҳар ҳолат худашон муайян намоянд. Онҳое, ки мухолифи ин огоҳиҳо дар дохили таксӣ ҳастанд, мегӯянд, масоили ахлоқии мусофир дар дохили таксиро бояд бештар аз ҳама худи онҳо танзим кунанд.

Шаҳло, як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт ба ин тасмими ронандаҳои таксӣ розӣ нест, зеро онҳо наметавонанд меҳрубониву каноргирии зану шавҳарро манъ кунанд.

Ӯ гуфт: “Фикр накунам, ки дасти ҳамдигарро доштану меҳрубони ҳамсар дар дохили таксӣ кори баде бошад. Ин назари ман аст, вале одамон медонанд, дар ҷои ҷамъиятӣ кадом рафторро кунанд кадомашро не”.

"Огоҳии ронандаҳо хилофи қонун нест"

Нигаронии мусофирони норозӣ аз “қоидаи нав”-и бархе ронандаҳо дар ҳолест, ки ба таъкиди масъулини Иттифоқи истеъмолгарон танзими дохили таксӣ аз сӯйи ронанда ҳеҷ поймолкунии ҳуқуқи мусофирон нест.

Илҳом Обидов, як масъули ин ниҳод, рӯзи 3-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тартиби хизматрасониро, ки хилофи қонун набошад, соҳибони мусофирбарҳо муайян мекунанд.

Аз ин хотир, ба гуфтаи Обидов, вазифаи асосии таксӣ расонидани мусофир ба маконаш аст.

“Барои мисол, дохили мошин роҳаткурсӣ ва барои таъмини амнияти мусофир тасмаи бехатарӣ бояд дошта бошад. Насби огоҳӣ барои амалҳои шаҳвонӣ дар дохили таксӣ тартиби муайян кардаи худи ронандагон аст”,-гуфт ӯ.

Ронандаҳои таксӣ мегӯянд, аз мақомдор то тоҷир, аз омӯзгор то донишҷӯ ва сокинони оддӣ муштарии онҳо ҳастанд. Гоҳҳо шоҳиди сӯҳбат ва рафторҳои маҳрамонаи муштариҳо мешаванд, ки барояшон чандон хушоянд нест.

Ба қавли таксиронҳо, гоҳе ҳам то расонидани муштарӣ ба макон шоҳиди ҷанҷолу моҷаро ва дашномҳои қабеҳ бо телефони мобил мешаванд ва баъзан маҷбуранд, ба ин гуфтугӯ дахолат кунанд.

Аз ин хотир онҳо мегӯянд, дар ин ҳолат маҷбуранд, "утоқи корияшон"-ро худашон танзим кунанд ва монеи “ҷанҷолҳои асабхарош”-и муштариён низ шаванд.

Эраҷ Маҳкамов, ронандаи таксӣ дар Душанбе
Эраҷ Маҳкамов, ронандаи таксӣ дар Душанбе

Эраҷ, ронандаи дигар мегӯяд, барои онҳо мусофири боодоб ва ҳамсуҳбати хуб писанд аст. Ӯ дар дохили мошинаш чунин огоҳӣ насб накардааст, аммо мегӯяд, ҳамагуна муносибатҳои маҳрамона ва ғайриахлоқии мусофирон дар дохилӣ таксиро беэҳтиромӣ нисбат ба ронанда медонад.

«Мизоҷро танҳо ман аз ҷое ба ҷое бояд расонам. Ӯ ҳатто ҳақ надорад, аз пеши худ мусиқии мошинро баланд кунад. Дар мавриди рафторҳои маҳрамона инро гуфтанӣ ҳастам, ки инҷо Аврупо нест. Ба мардуми мо ин чиз дуруст намегирад»,--гуфт ӯ.

Тамоси таксиронҳо бо занони сабукпо?

Бархе сокинон мегӯянд, кирокашҳо низ чандон “бегуноҳ” нестанд ва борҳо хабари миёнаравиашон миёни занони танфурушу муштариҳо расонаӣ шудааст.

Аз ҷумла, соли гузашта мақомот дар гузориши телевизионӣ гуфтанд, ки бархе кирокашҳо ба танфурушон дар дохили мошин шароит фароҳам мекунанд.

Он замон, Абубакр, як ронандаи таксӣ дар суҳбати бидуни микрофон гуфта буд, ин гурӯҳи ронандаҳо, аксаран бо занони танфурӯш доим дар тамосанд ва дар фурсати зарурӣ ба онҳо кӯмак мекунанд.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, чунин ронандаҳо махсус барои хизматрасонии занони сабукпо кор мекунанд ва корашон ҳам шабона сурат мегирад.

Бархе ҳам, ки аз хизмати таксиҳо истифода мебаранд, миёнравӣ ё даллагии бархе таксиронҳоро бо танфурӯшу муштарии онҳо тасдиқ мекунанд.

Фирӯз Баротов, журналист ва як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ чанде пеш дар саҳфаи худ дар "Фейсбук" аз он нигаронӣ карда буд, ки як ронандаи таксӣ ӯро меҳмони хориҷӣ фикр карда, ошкоро хизмати танфуруши тоҷикро пешниҳод кардааст.

Ҷомеаи Тоҷикистон, бо онки дар он арзишҳои дунявӣ бартарӣ доранд, ҷомеаи суннатӣ боқӣ мондааст ва солҳои ахир қишри муҳофизакораш бузургтар шудааст. Аксари мардум ишқварзиии ҷавононро дар кучаю дохили мусофирбар хуш надоранд ва инро айб медонад.

Бархе инро маҳдуд кардани озодиҳои шахсии худ медонанд. Чор сол пеш гурӯҳе аз донишмандон хостори таъсиси пулиси ахлоқ дар Тоҷикистон шуд, то аз рафторҳои, ба гуфтаи онҳо, "ғайриахлоқӣ" ҷилавгирӣ кунад.

Шарҳҳоро бинед (16)

XS
SM
MD
LG