Шаҳноза Ҳамроқулова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва донишҷӯи соли аввали риштаи равоншиносии Донишгоҳи Санкт –Петербург рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ рӯзи 22 май ба хотири идомаи таҳсил ба Петербург парвоз кард, вале дар фурудгоҳи Пулково боздошт ва пас аз 4 рӯз ба Тоҷикистон пас гардонда шуд. Шаҳноза Ҳамроқулова гуфт, мақомоти Русия барои ихроҷи ӯ тамом шудани давраи иқоматаш дар он кишварро далел овардаанд.
Шаҳноза мегӯяд, иҷозатномаи семоҳа дошт ва донишгоҳ ваъда дода буд,ки иҷозатномаашро тамдид мекунанд, аммо бо сабабҳои барои ӯ норӯшан давраи иқоматашро тамдид накардаанд.
Аммо Светлана Вострова, як масъули Донишгоҳи маълумоти гумании Петербург ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳноза Ҳамроқулова ба далели ҳозир нашуданаш ба дарсҳо, ки давраи тобистонааш мебоист 24 май оғоз мешуд, аз донишгоҳ ихроҷ шудааст. Хонум Вострова гуфт, Шаҳноза нимаи аввали соли таҳсилро дар шӯъбаи рӯзонаи риштаи равоншиносӣ оғоз карда, дар нимаи дувуми сол ба шӯъбаи ғоибона гузашт. Ба гуфтаи ин намояндаи Донишгоҳ, Шаҳноза Ҳамроқулова мебоист ҳанӯз то 18 январ маблағи таҳсилро, ки тақрибан 17 500 рубли русӣ, муодили қариб 580 долларро ташкил медиҳад, пардохт мекард, вале ӯ моҳи март ба Тоҷикистон баргашта, пули таҳсилашро то ҳол пардохт накардааст.
Мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аз шарҳи сабабҳои ихроҷи Шаҳноза Ҳамроқулова худдорӣ карданд. Як намояндаи ин идора ба Озодӣ гуфт, чунин маълумот хусусист ва танҳо худи шахсе ки ихроҷ шудааст, метавонад онро расонаӣ кунад. Сухангӯи пулиси фурудгоҳи Пулково ба Озодӣ гуфт, боздошт ва ихроҷи Шаҳноза Ҳамроқулова аз сӯи мақомоти пулис сурат нагирифтаанд. Ба назари ӯ, донишҷӯи тоҷикро зоҳиран марзбонони фурудгоҳ ба қаламрави Русия роҳ надодаанд.
Шаҳноза Ҳамроқулова низ тасдиқ кард, ки ӯ рӯзи 13 март бо шурӯъи таътил ба зодгоҳаш - шаҳри Қӯрғонтеппа – баргашт ва бо анҷоми таътил дар поёни моҳи май дубора ба Петербург баргашт. Вале тавре ки Шаҳноза қисса мекунад, дар фурудгоҳи Пулковро ӯро дар як утоқ ҳатто бидуни обу ғизо дар боздошт нигоҳ доштаанд. «Дар ин утоқ на телефон буд, на об буд, на хӯрданӣ буд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро гирифтанд. Дар як рӯз як маротиба обу нон меоварданду тамом,» - меафзояд Шаҳноза Ҳамроқулова.
Шаҳноза мегӯяд, дар боздошт дар як шароити тоқатфарсо қарор дошт: «Ман хоҳиш мекардам, ки чои гарм биёранд, рад мекарданд,мепурсидам, ки аҳволам бисёр бад шудааст, ақалан дору биоред, намеоварданд ва танҳо пас аз ду рӯз як пизишкро фиристоданд. Пизишк гуфт,ки маро бояд ба бемористон баранд, вале иҷозат намедиҳанд.»
Баъди 4 рӯзи боздошт Шаҳноза Ҳамроқуловаро бо хаттисайри Санкт- Петербург- Кӯлоб аз Русия ихроҷ кардаанд. «Ман мехостам ба сафорати Тоҷикистон, ё Хадамоти муҳоҷират ваё ақаллан ба донишгоҳ муроҷиат кунам, вале онҳо телефонҳои маро гирифтанд ва иҷозат намедоданд, ки тамос гирам,» -мегӯяд Шаҳноза.
Шаҳноза баъди бозгашт ба сафорати Русия дар Душанбе низ муроҷиат кардааст, вале дар онҷо посух додаанд, ки ин масъала дар салоҳияти сафорат нест. Бо онки аз оғози давраи тобистонаи таҳсили ӯ ду ҳафта мегузарад, Шаҳноза расман аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дархости кумак кардааст. Ин Хадамот мегӯяд, дар ин робита ба Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия нома задаанд. Ин ниҳод ҳамчунин аз донишгоҳе ки Шаҳноза таҳсил мекард, дархост кардааст, ки ӯро ихроҷ накунанд.
Светлана, Вострова, намояндаи Донишгоҳи маълумоти гуманитарии Санкт-Петербург ба Озодӣ гуфт, дар сурати тахт кардани аснодаш ва бозгашт ба Петербург, Шаҳноза Ҳамроқулова метавонад аз соли оянда таҳсилаш дар ҳамон соли аввал аз сар бигирад.