Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафт ба 20 сол пеш, ё "ҳанӯз андар хами як кӯча"?


Бахтия Муҳаммадиева
Бахтия Муҳаммадиева

Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар аз лиҳози рушд ба давраи солҳои 1990 наздик шуда ва дар бархе аз соҳаҳо аз он замон пеш ҳам гузаштааст.

Мақомоти ожонсии омори Тоҷикистон омилҳои наздик шудани рушди Тоҷикистон ба солҳои 1990 -ро дар 7, 5 дар сад собит будани маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, афзоиши шумораи бонкҳои тиҷоратӣ дар кишвар, бештар шудани хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ унвон карданд.

Ожонсии омор дар ҳоле аз ин дастоварҳояш ифтихор мекунад, ки таҳлилгарон расидан ба сатҳи рушди 20 соли пешро нишони пешрафти як давлат намеҳисобанд.

Аммо Бахтия Муҳаммадиева, раиси ожонсии омор мӯътақид аст, ки таҳлилҳои ин ниҳод асоси воқеъӣ доранд ва мегӯяд, набояд арқоми онҳо зери шубҳаю нобоварӣ қарор бигирад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим


Хонум Муҳаммадиева мегӯяд, ахиран Комиссияи иқтисодии СММ фаъолияти Ожонсии омори Тоҷикистон ба аудит кашид ва ба он баҳои мусбат дод. Ӯ мегӯяд «арзёбии глобалӣ бо дархости ожонсӣ аз моҳи июли соли 2011 оғоз шуда, дар нимаи авали соли 2013 ҷамъбаст гардид. Ин комиссиюн фаъолияти моро аз сатҳи ноҳия то ҷумҳурӣ таҳлил кард. Ин далели он аст, ки омору арқоме, ки ожонсии омор ироа мекунад, дурустанд»

Мақомоти ожонсии омор дар ҳоле аз фаъолияти худ ситоиш мекунанд, ки мунтақидон борҳо арқому омори ин ниҳодро зери шубҳа бурдаанд.

Чун ба таъкиди мунтақидон, арқоми омории Тоҷикистон тамоми воқеъияти ҳоли ин кишварро мунъакис намекунад ва дар бисёри маворид ба хотири таблиғи дастовардҳои давлат дасткорӣ ва ё оморҳояш бо таҳриф тафсир мешаванд.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисоддони тоҷик дар ин робита мегӯяд, «вақте дар омор истеҳсоли маводи ғизоӣ, масалан, картошкаро чандсад тонна нишон медиҳанд, аммо дар бозор картошкаи худӣ ба назар намерасад, пас маълум мешавад, ки он нишондод дурӯғ будааст.»

Аммо Собир Вазиров, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демогарфияи Академияи илмҳои Тоҷикистон бар ин назар аст, ки нодуруст будани маълумоти оморӣ ба фаъолияти ожонсии омор чандон рабт надорад. Ба назари ӯ мушкилоти мавҷуд вобаста ба он аст, ки корхона ё ташкилоте, ки маълумотро ба ожонсии омор пешниҳод мекунад, онро чӣ гуна омода месозад.

Дар ҳоле, ки оморҳои расмӣ мавриди шакку шубҳа қарор мегиранд, соҳибназарону марказҳои мустақил маҷбуранд, ки худ пайи дарёфти омори дақиқу воқеӣ бираванд. Зеро бо дарёфти омори расмӣ, ба хусус аз ожонсии омор онҳо ҳангоми баррасии масоили гуногун бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар Тоҷикистон низ ҳарчанд, ниҳоди мустақили оморӣ вуҷуд надорад, аммо созмонҳо ва марказҳои мустақиле ҳастанд, ки дар ин ё он мавзӯъ пажӯҳиш анҷом медиҳанд ва омори воқеитареро ба даст меоранд.
XS
SM
MD
LG