Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Тошканд


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Варзишгарони тоҷик дар Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 20-22-юми сентябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир мегардад ва аз силсилаи мусобиқоти Федератсияи байналмилалии ҷудо маҳсуб мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тошканд 423 варзишгар (232 мард ва 191 зан) аз 71 кишвар иштирок мекунад. Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78 кг сурат мегирад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар шомил аст, ки аз рӯи ҳамаи дараҷаи вазнҳо миёни мардон рақобат менамояд: Муҳаммад Муҳаммадзода (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шарифҷон Назриев (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг).

Бар асоси қуръакашӣ имрӯз, 20-уми сентябр, Муҳаммад Муҳаммадзода бо Виҷай Кумар Ядав аз Ҳиндустон, Шаҳбоз Саидаброров бо Комрон Нуралиев аз Узбекистон ва Ёқубҷон Боқиев бо Майкл Адам аз Олмон ба рақобат мепардозанд.

Рӯзи шанбеи 21-уми сентябр Беҳрӯзи Хоҷазода бо Евгений Прокопчук (Русия), Сомон Маҳмадбеков бо Ҳикматуллоҳ Тураев (Узбекистон) ва Акмал Муродов бо Франк Де Вит (Нидерланд) аз даври дувум вориди рақобатҳо мешаванд. Садр Боев бошад, дар даври аввал бо Ригаги Найи аз Чин рақобат хоҳад кард.

Рӯзи охирини мусобиқот – 22-юми сентябр – Комроншоҳи Устопириён, ки рақобатро аз даври дувум шуруъ мекунад, бо ғолиби ҷуфти Юрие Мокану (Молдова)/Ерлан Шеров (Қирғизистон) қувваозмоӣ менамояд.

Инчунин рӯзи якшанбе Шарифҷон Назриев бо Муҳаммадкарим Хуррамов (Узбекистон), Саидҷалол Саидов бо Томас Брикено (Чили), Шакармамад Мирмамадов бо Руслан Шаҳбозов (Русия) ва Темур Раҳимов бо Ричард Сипож (Маҷористон) дар даври аввал рақобат хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дувум 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои севум 1 ҳазордолларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш) супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта аз мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар Тошканд баргузор шуд, бе медал монданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар дохил буд, ки 12 нафари онҳо дар сабқати мардон ва 2 нафар дар сабқати занон ширкат варзиданд.

Аз байни гуштигирони тоҷик ду нафар – Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов – натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро гирифтанд, вале варзишгарони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Соли 2017 бошад, дар Гран-прии ҷудо дар Тошканд ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт гуштигир шомил буд. Аз байни онҳо танҳо Комроншоҳи Устопириён медал ба даст овард. Ӯ дар вазни зери 90 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири узбек Дилшод Чориев ғолиб омад ва бо медали тилло, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Вале Комроншоҳ соли гузашта дар Гран-прии ҷудои Тошканд иштирок накард. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 9-11-уми ноябри соли 2018 дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест - баргузор шуд, ширкат варзид.​ Вале Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило дар аввалин қувваозмоияш аз Камолиддин Холмаматови узбек мағлуб гашт.

XS
SM
MD
LG