Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиш, гулеш, кураш: варзишгарони тоҷик ширкатдори бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён


2 сентябр, саҳнаи ифтитоҳи бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён
2 сентябр, саҳнаи ифтитоҳи бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён

Сооронбой Жээнбеков, президенти Қирғизистон, дар як маросиме, ки 2-юми сентябр дар деҳаи Бактуу – Долонотуи вилояти Иссиқкӯл баргузор шуд, севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён ё кӯчманчиёнро кушода эълон кард.

Ба иттилои вебсайти расмии Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиён, раисиҷумҳури Қирғизистон аз минбари майдони аспдавонӣ ширкаткунандагону меҳмононро бо кушоиши расмии бозиҳо табрик намуд.

Жээнбеков меҳмонони фахрӣ – президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Тотористони Русия Рустам Минихонов, шоҳзодаи валиаҳди Фуҷайра (Имороти Муттаҳидаи Араб) шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Муҳаммад Ал-Шарқӣ, сарвазири Маҷористон Виктор Орбан ва дигар меҳмонони хориҷиро хайра мақдам гуфт.

Қабл аз суханронии расмии президенти Қирғизистон, ҳозирин аз тамошои барномаи ҷолиби театрикунонидашуда “Пайдоиши Ҷаҳон”, ки ба се марҳала – пайдоиши ҳаёт ва инсон, пайдоиши тамаддуни кӯчиён - тақсим шуда буд, лаззат бурданд.

Баъдан паради расмии ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён барпо гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён дар Иссиқкӯли Қирғизистон бо ширкати беш аз 1500 варзишгар аз 66 кишвар ва 11 минтақаи Русия то рӯзи 8-уми сентябр идома хоҳанд кард. Варзишгарон барои 594 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Ҷавоизи умумии бунёди Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиён 28 млн сомро ташкил медиҳад.

Ҳадафи аслии ин бозиҳо эҳё ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии халқҳои кӯчии ҷаҳон мебошад. Президенти Қирғизистон гуфтааст, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба мерос ва фарҳанги кӯчиён таваҷҷуҳ доранд.

Қирғизистон дар ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиёнро мизбонӣ мекунад. Чаҳор сол пеш нахустин бозиҳои кӯчиён баргузор шуда буд. Он замон дар бозиҳо намояндагони 19 кишвар ширкат доштанд. Дар дувумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон доир шуданд, намояндагони 52 кишвар иштирок карданд.

Барномаи севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён куллан шомили 31 риштаи мусобиқоти варзишӣ мебошад. Аз ҷумла асптозӣ, мусобиқоти асп, варзишҳои размӣ, бозиҳои суннатии миллӣ, мусобиқоти тирандозии камонварон, рақобатҳои гунаҳои суннатии шикор, бозиҳои суннатии зеҳнӣ шомили ин барнома аст.

Бино ба иттилоъи вебсайти расмии Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти алиш, гулеш, кураш ва ғайра маҳорати худро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Бозиҳои IV ҷаҳонии кӯчиён соли 2020 дар Туркия доир мешаванд.

XS
SM
MD
LG