Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар се намуд натиҷагирӣ шуд


Марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се намуд – бокс, самбо ва гуштии миллӣ - натиҷагирӣ шуд.




Сардовари ин бозиҳо Раҳматшо Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва пойтахти кишвар ширкат доранд. Ба барномаи Бозиҳо 10 навъи варзиш - баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, инчунин, 5 навъи гуштӣ - миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомиланд. Занон дар 5 намуд – баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол ва таэквон-до ВТФ рақобат мекунанд”.

Дар мусобиқаи бокс, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, мардону занон рақобат карданд. Дастаи Душанбе-1 бо касби 9 медали тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ мақоми аввалро гирифт. Инчунин дастаи Душанбе-1 дар мусобиқаи гуштии самбо дар шаҳри Кӯлоб бо касби 4 медали тилло ва 5 нуқра ғолиб шуд. Мусобиқаи гуштии миллӣ дар ноҳияи Рашт барпо гардид. Мунтахаби водии Рашт бо касби 4 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Ба гуфтаи Раҳматшо Камолов, мусобиқот аз рӯи 6 намуд – дзюдо, таэквон-до (ВТФ), баскетбол, гуштии озод, варзиши сабук ва волейбол - дар беҳтарин иншооти варзишии шаҳри Душанбе ва як намуд (гуштии юнониву румӣ) дар шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои варзишии кишвар рӯзи 8-уми май соати 11:00 дар Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир хоҳад шуд.

“Бояд гуфт, ки Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ, инчунин, мақоми чемпионати Тоҷикистонро дар намудҳои алоҳида дорост. Бинобар ин бар асоси низомномаи бозиҳо дар мусобиқот ширкати варзишгарони касбие, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардаанд, ҳатмист. Зеро дастаҳои мунтахаби кишвар аз ҳисоби ғолибони ин бозиҳо ташкил мешаванд. Ва ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳи сентябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, ба шумор мераванд”, - иброз дошт Раҳматшо Камолов.

Р/тНомгӯи дастаҳо Сана, макон ва намуди мусобиқа
Бокс
27апрел-2 май,
Хуҷанд
Самбо
1-3 май, Кўлоб
Гуштии миллӣ
1-3 май,
Рашт

Натоиҷи рақобати дастаҳо
ТНБТ
Н
Б
Т
Н
Б
1.Душанбе-192545---2
2.Душанбе-2-35113113
3.Хатлон-1-34--2 124
4.Хатлон-23-6233222
5.Суғд465--6-13
6.ВМКБ2411-3111
7.ШНТМ(водии Ҳисор)--11-1113
8.ШНТМ (водии Рашт)------4-2
Ҷамъ:181827991810820


Эзоҳ: Т – Тилло, Н –Нуқра, Б – Биринҷӣ.
XS
SM
MD
LG