Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик аз Аврупо дасти холӣ бармегарданд


Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Аврупо миёни мардон (European Judo Open Men), ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оберварти Австрия баргузор шуд, бе медал монданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) иттилоъ додааст, дар ин мусобиқот 283 гуштигир аз 42 кишвар ширкат дошт. Дар ду рӯзи мусобиқот гуштигирон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кг рақобат намуданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се паҳлавони ҷавон – Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - намояндагӣ карданд.

Нахуст Мирзоҷамил Рамазонов 17-уми феврал дар вазни зери 73 кило ба рақобат пардохт. Зимнан, дар ин вазн аз ҳама бештар – 58 гуштигир – ширкат варзид. Рамазонов дар даври аввал бар Адам Борчашвили аз Австрия ғолиб омад. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Телман Валиев (Озарбойҷон) мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт.

Ду варзишгари дигари тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - рӯзи якшанбе, 18-уми феврал, вориди рақобат шуданд. Маҷидов дар вазни зери 81 кило, ки ҳамагӣ 39 нафар иштирок кард, дар даври аввал аз Массимилиано Каролло (Италия) шикаст хӯрд.

Раҳимов бошад, дар вазни зери 100 кило, ки 30 нафар ширкат дошт, дар даври аввал бар Валентин Раду (Руминия) пирӯзӣ ба даст овард. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик қувваозмоии дувумашро ба Давид Озбетелашвили (Гурҷистон) бохт.

Дар ин мусобиқот ба ҷуз Тоҷикистон, боз варзишгарони ҳашт кишвари собиқи шӯравӣ ширкат карданд: Арманистон (4 нафар), Гурҷистон (20), Қазоқистон (11), Қирғизистон (1) , Литва (4), Озарбойҷон (18), Русия (11) ва Узбакистон (7).

Мусобиқоти бози ҷудои Аврупо миёни мардон дар Оберварти Австрия барои паҳлавонони тоҷик аввалин мусобиқоти байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор мерафт.

Ҳамакнун паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург”, ки рӯзҳои 23-25-уми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон бо ширкати беш аз 500 варзишгар аз 71 кишвар баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохил аст: Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни зери 81 кило), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кило), Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни зери 100 кило).

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG