Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин пирӯзии духтарони футболбози тоҷик дар Тошканд


Духтарони футболбози тоҷик дар нахустин бозӣ рақибашонро бо як гол шикаст доданд.
Духтарони футболбози тоҷик дар нахустин бозӣ рақибашонро бо як гол шикаст доданд.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ “CAFA Women’s Championship 2018”, ки онро Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд доир намудааст, тими Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар ин бозӣ, ки 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Тошканд доир шуд, голи ягонаро капитани мунтахаби Тоҷикистон Мадина Фозилова дар охири бозӣ (дақиқаи 90+3) бо зарбаи мустақими ҷаримавӣ ба ҳадаф расонд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар пойтахти Узбекистон то рӯзи 1-уми декабр идома меёбад, дастаҳои мунтахаби занонаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок доранд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои ба даст овардааш муайян мешавад. Мунтахаби занонаи Тоҷикистон бозии даври дуюмро имрӯз, 25-юми ноябр, муқобили дастаи Узбекистон анҷом медиҳад. Пеш аз ин бозӣ тимҳои Афғонистону Эрон рақобат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Women’s Championship 2018»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон - 1:0

Гол: Мадина Фозилова, 90+3.

Тоҷикистон: Муаттара Раҳматуллоева, Ирода Ҷӯраева (Насиба Олимова, 65), Сайрамҷон Холназарова, Зулайхо Сафарова (Зебонисо Абдуллоева, 90+1), Мадина Фозилова, Лайло Ҳалимова, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева, Некубахт Худододова (Зуҳали Фарҳод, 90+1), Наргиза Бобоева (Шукронаи Ҷумъахон, 65).

Огоҳӣ: Ирода Ҷӯраева (Тоҷикистон).

Сардовар: Ҳусноро Ҷумъаева (Узбекистон).

Нозири доварон: Майванд Муҳаммад Ҳамид (Афғонистон).

Комиссари бозӣ: Ҳамид Муминӣ (Эрон).

23-юми ноябр. Тошканд. Варзишгоҳи миллӣ. 50 тамошобин.

Узбекистан – Афғонистон – 20:0

Голҳо: Людмила Карачик, 4 (1:0). Нилуфар Қудратова, 5 (2:0). Дилдора Нозимова, 9 (3:0). Нилуфар Қудратова, 16 (4:0). Людмила Карачик, 19 (5:0). Людмила Карачик, 22 (6:0). Фирӯза Турдибоева, 31 (7:0). Диёра Ҳабибуллоева, 36 (8:0). Малика Бурҳонова, 37 (9:0). Рушания Сафина, 39 (10:0). Диёра Ҳабибуллоева, 47 (11:0). Диёра Ҳабибуллоева, 48 (12:0). Мафтуна Шоимова, 49 (13:0). Умеда Зоирова, 51 (14:0). Мафтуна Ҷонимқулова, 64 – аз пеналтӣ (15:0). Нилуфар Қудратова, 68 (16:0). Нилуфар Қудратова, 75 (17:0). Дилдора Нозимова, 76 (18:0). Дилдора Нозимова, 82 (19:0). Дилдора Нозимова, 88 (20:0).

Огоҳӣ: Марҷон Ҳайдарӣ (Афғонистон).

Сардовар: Вероника Бернатская (Қирғизистон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Олим Орифов (Узбекистон).

23-юми ноябр. Тошканд. Варзишгоҳи миллӣ. 90 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

1

1

0

0

20-0

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

1-0

3

3

Эрон

0

0

0

0

0-0

0

4

Қирғизистон

1

0

0

1

0-1

0

5

Афғонистон

1

0

0

1

0-20

0

Даври 2-юм

25-уми ноябр (якшанбе)

13:00 – Афғонистон – Эрон

16:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

27-уми ноябр (сешанбе)

13:00 – Эрон – Узбекистон

16:00 – Қирғизистон – Афғонистон

Даври 4-ум

29-уми ноябр (панҷшанбе)

13:00 – Қирғизистон – Узбекистон

16:00Тоҷикистон – Эрон

Даври 5-ум

1-уми декабр (шанбе)

13:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

16:00 – Эрон – Қирғизистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи миллии Тошканд баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG