Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод бо як гол «Истиқлол»-ро пешсаф кард


“Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии марказии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи аввал баромад.

Дар ин бозӣ, ки 14-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид, голи ягонаро Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 77-ум ба самар расонд. Зимнан, ин ғалабаи чаҳоруми паиҳами “Истиқлол” ва аввалин бохти “Хуҷанд” дар мусобиқаи имсола мебошад.

Бозии дигари даври панҷум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ба голи дар дақиқаи 21-уми бозӣ задаи ҳимоятгари «Хатлон» Наим Иброҳимзод легионери африқоии меҳмонон аз Гана Идан Окран дар дақиқаи 48-ум посух дод.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Пирӯзии аввалинро дар мусобиқаи имсола ба “Регар-ТадАЗ” голҳои Саидхони Амрохон, Акбар Бобомуродов ва Нуъмон Зокиров оварданд.

Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол» (сармураббиаш Муҳсин Муҳаммадиев) бо 12 имтиёз аз 4 бозӣ дар мақоми аввал қарор дорад. «Хуҷанд» (сармураббиаш Нуъмонҷон Юсупов), ки як бозӣ бештар кардааст, бо 10 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. ССКА «Помир»-и Душанбе (сармураббиаш Тоҳир Муъминов) бо 6 имтиёз аз 4 бозӣ дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Бозии охирини даври панҷуми мусобиқа рӯзи чоршанбеи 18-уми апрел миёни дастаҳои «Барқчӣ» – ССКА «Помир дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 16:00 шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Хатлон» – «Кӯктош» – 1:1

Голҳо: Наим Иброҳимзода, 21 (1:0). Идан Окран, 48 (1:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Идан Окран («Кӯктош»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

13-уми апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 700 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» - 3:1

Голҳо: Саидхони Амрохон, 17 (1:0). Хайриддин Турахонов, 54 (1:1). Акбар Бобомуродов, 84 (2:1). Нуъмон Зокиров, 88 (3:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Миралӣ Муродов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

14-уми апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”, 1200 тамошобин.

«Истиқлол» - «Хуҷанд» - 1:0

Гол: Дилшод Восиев, 77.

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Давронҷон Эргашев ("Истиқлол"), 90+4 – барои таҳқири сардовар.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

14-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

4

0

0

8-2

12

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

3

1

1

8-6

10

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

1

3

0

6-5

6

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

5

1

3

1

4-5

6

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

1

2

2

6-6

5

6

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

5

1

1

3

5-7

4

7

«Хатлон» (Бохтар)

5

1

1

3

5-8

4

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

3

0

1

2

0-3

1

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 3-тӯбӣ.

Даври 5-ум:

18-уми апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Барқчӣ» – ССКА «Помир»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG