Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин, Малӣ ва Сурия рақибони Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби олимпии футболиТоҷикистон (U-22) дар мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019» ширкат меварзад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа рӯзҳои 8-14-уми декабр дар шаҳри Чжуҳайи Чин бо иштироки чаҳор дастаи мунтахаби олимпӣ аз Малӣ, Сурия, Тоҷикистон ва Чин баргузор мешавад.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, 8-уми декабр бо дастаи мизбон -мунтахаби олимпии Чин, 11-уми декабр бо мунтахаби Малӣ ва 14-уми декабр бо мунтахаби Сурия рақобат мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давра доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

Даври 1-ум

8-уми декабр (якшанбе)
15:00. Сурия – Малӣ
19:35. Чин – Тоҷикистон

Даври 2-юм

11-уми декабр (чоршанбе)
15:00. Малӣ – Тоҷикистон
19:35. Сурия – Чин

Даври 3-юм
14-уми декабр (шанбе)
15:00. Тоҷикистон – Сурия
19:35. Чин – Малӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Чин.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG