Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон Ҳиндро шикаст дод


Дар бозии байналмилалии дӯстона дар Хуҷанд дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳиндро шикаст дод.

Ин бозии дӯстона дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” соати 17 шурӯъ шуд. Мӯҳсин Муҳаммадиев , сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба бозии дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон 25 футболбозро даъват кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе – «Равшан»), Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳарчор – «Истиқлол»), Алишер Шарифов («Парвоз»);

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00
Линки мустақим

нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибаев («Равшан»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов («Слобода», Сербия), Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарчор – «Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Энергетик»);
ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»).

Ёварони мутахассиси 46-сола Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков ва мураббии Академияи футболи «Истиқлол» Рустам Қурбонов, инчунин, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ Асан Мустафоев, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров мебошанд.

Ба ҳайати варзишии Ҳиндустон, ки тавассути ҳавопаймо рӯзи 9-уми август ба Тоҷикистон омад, 31 нафар, аз он ҷумла 20 футболбоз шомиланд.
Дастаи мунтахаби миллии Ҳиндустон (сармураббиаш Вилгелмус Якобус Куверманс аз Ҳолланд) дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум қарор дорад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Ҳиндустон:
дарвозабонҳо: Каранҷит Сингх («Салгаокар»), Сандип Нанди («Чёрчилл Бразерс»), Субхасиш Рой Чоудхури («Демпо»);

ҳимоятгарон: Дензил Франко («Чёрчилл Бразерс»), Нирмал Четтри («Мохун Баган»), Гоураманги Сингх («Праяг Юнайтед»), Арнаб Мондал, Раҷу Гаиквад (ҳарду - «Ист Бенгал»), Сандеш Чхинган («Юнайтед Сикким»);

нимҳимоятгарон: Маҳтоб Ҳусейн, Лалриндика Ралте (ҳарду - «Ист Бенгал»), Арата Изуми («Пуне»), Ленни Родригес («Чёрчилл Бразерс»), Ҷуэл Раҷа Шайх («Мохун Баган»);

ҳамлагарон: Фрэнсис Фернандес («Салгаокар»), Клиффорд Миранда («Демпо»), Доусон Фернандес («Спортинг клуб де Гоа»), Сунил Четри («Чёрчилл Бразерс»), Робин Сингх, Шило Малсавтлуанга (ҳарду - «Ист Бенгал»).

Ҳамаи ҳакамон аз Тоҷикистонанд. Сардовар - Хуршед Дадобоев (Хуҷанд), ёваронаш – Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), довари эҳтиётӣ – Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Нозири доварон - Абдураҳим Бобоев аз Турсунзода.


Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон се бор бо ҳам рақобат кардаанд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-уми августи соли 2008 дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон дар доираи сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.

Баъди 12 рӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон дар бозии ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2008 боз бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 4:1 ба охир расид.

Бозии севуми футболбозони тоҷику ҳинд дар доираи сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 рӯзи 9-уми марти соли 2012 дар пойтахти Непал – Катманду бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 поён ёфта буд.
Бояд гуфт, ки дар рейтинг ё феҳристи FIFA мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 114-ум ва тими миллии Ҳиндустон дар мақоми 145-ум қарор доранд.

Бозӣ соати 17 баъди садои сурудҳои миллии ҳарду кишвар шурӯъ шуд. Ҳисоб – 0:0.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони тоҷик шурӯъ шуд. Дар дақиқаи дувум пас аз зарбаи Дилшод Восиева тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд. Дар дақиқаи 13-ум бошад Нуриддин Давронов ҳисобро кушод.

Ҳоло дақиқаи 15-уми бозӣ ҷараён дорад.

Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 19-ум ба самар расонд.

Ҳоло аз оғози нимаи авали бозӣ 22 дақиқа гузаштааст. Бозӣ комилан бо бартарии футболозони тоҷик ҷараён дорад.

Дақиқаи 25-уми бози сипарӣ шуд, ҳисоб тағйир наёфтааст-2:0.

Дар дақиқаи 26-ум Фарҳод Тоҳиров метавонист ҳисобро афзун кунад, вале ӯ аз имконияти хуб истифода карда натавонист. Меҳмонон чунин ранг гирифтани бозиро чашмдор набуданд. Бинобар ин дар як вазъияти ногувор қарор доранд. Мизбонон бошанд бо дастгирии мухлисони зиёде, ки дар варзишгоҳ ҷамъ омадаанд, пайваста ҳуҷум мекунанд.

Дақиқаи 35-уми бозӣ. Ҳисоб 2:0.

То анҷоми замони асосии нимаи аввали бозӣ панҷ дақиқа мондааст. Ҳисоб ҳамоно-2:0.

Сардовар ба замони асосии нима аввал ду дақиқа вақти иловагӣ таъин кард. Ҳисоб -2:0.

Ба ин тартиб нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ва дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Нимаи дувуми бозӣ шурӯъ шуд.

Дақиқаи 48-ум, дар пеш мизбонон бо ҳисоби- 2:0.

Дар варзишгоҳ, ки 25 ҳазор ҷои нишаст дорад, тахминан 8-9 ҳазор мухлис ҷамъ омадаанд. Ҳаво хеле гарм аст, бинобар ин сардовар Хуршед Дадобоев дар ҷараёни бозӣ ба футболбозони имкон дод, ки бо об ҳалқашонро тар намуда, ташнагиашонро бишкананд. Дар нимаи дувуми бозӣ меҳмонон ду нафарро иваз карданд. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон ҳоло касе иваз нашудааст. Мунтахаби Тоҷикистон бо чунин ҳайат ба майдон омадааст: Алишер Тӯйчиев (капитан), Фарҳод Восиев, Соҳиб Саванқулов, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиева, Иброҳим Рабимов, Нуриддин Давронов ва Фарҳод Тоҳиров.

Аз оғози нимаи дувуми бозӣ 13 дақиқа гузашт, ҳисоб тағйир наёфтааст.

Дар дақиқаи 59-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон якбора ду нафар иваз шуданд. Ба ҷои Фарҳод Тоҳиров ба майдон Аҳтам Ҳамроқулов ва ба ҷои Фатҳулло Фатҳуллоев Ҷаҳонгир Эгашев омаданд.

Дақиқаи 62-юми ҳисоб-2:0.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 63-юм ҳимоятгар Фарҳод Восиевро Аҳтам Назаров иваз намуд.

Дар дақиқаи 65-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозигари чаҳорум иваз шуд. Ба ҷои Иброҳим Рабимов ба бозӣ Хуршед Маҳмудов ворид шуд. Бояд гуфт, ки бо маслиҳати мураббиёни ҳар ду даста, дар ин бозии дӯстона раҳбарон метавонанд шаш нафариро иваз намоянд. Дар мусобиқоти расмӣ иҷоза дода мешавад, ки танҳо се нафар иваз шаванд.

Дақиқаи 70-уми бозӣ ҷараён доранд, ҳисоби-2:0.

Дар дақиқаҳои охири бозӣ меҳмонон фаъол шуданд. Тӯби ба сӯи ҳамлагар Фернандес ҳавододаро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев сари вақт баргардонд ва дастаашро аз гол эмин дошт.

То анҷоми замони асосии бозӣ 13 дақиқа мондааст. Ҳисоб-2:0.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон боз бозигар иваз шуд. Нуриддин Давроновро Бахтиёр Чориев иваз намуд. Бояд гуфт, ки ин аввалин бозии Бахтиёр Чориев, нимҳимоятгари «Энергетик» дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷиистон мебошад.

То анҷоми вақти асосии бозӣ ҳамагӣ ду дақиқа мондааст. Ҳисоб 2:0.

Замони асосии бозӣ ба поён расид. Довар панҷ дақиқа вақти иловагӣ таъин намуд.

Дар замони изофӣ футболбозони тоҷик голи савумро ба ҳадаф расонданд. Тӯбро Аҳтам Ҳамроқулов ба самар расонд .

Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба анҷом расид.
XS
SM
MD
LG