Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт


Бозии Истиқлол ва Хуҷанд.
Бозии Истиқлол ва Хуҷанд.

Дастаи футболи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, яке аз довтабалони Ҷоми Тоҷикистонро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ расид.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро дар майдони худ бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Ин бозӣ 27-уми сентябр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Голҳоро Дилшод Бозоров дар дақиқаи 37-ум ва Манучеҳр Аҳмадов дар замони изофӣ (90+5) ба самар расонданд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали чорякниҳоӣ «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. Вале аз ҳисоби голи дар меҳмонӣ задааш “Хуҷанд” ғолиби ин ҷуфт дониста шуд ва муборизаро барои Ҷоми Тоҷикистон идома медиҳад.

Дар даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 чаҳор дастаи лигаи олӣ ширкат меварзад. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ рӯзи шанбеи 1-уми октябр миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и Фархор – «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон-2016

Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои аввал

1 октябр (шанбе)

«Истиқлол» – «Равшан»

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

Оғози бозиҳо - соати 16:00

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 25-ум барпо шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” панҷ бор ва “Хуҷанд” се бор барандагони Ҷом шудаанд.

“Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Дар мавсими соли гузашта “Истиқлол” барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ”, ки рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони Душанбе хотима ёфт.

Замони асосии бозӣ бидуни гол ба анҷом расид. Замони изофӣ – ду қисми 15-дақиқагӣ - бо ҳисоби мусовии 2:2 поён ёфт. Ғолиб тавассути силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар иҷрои зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард. “Истиқлол” аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ 6:5

XS
SM
MD
LG