Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳрӯзи қаҳрамон ин дафъа сеюм шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки 10-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 10-уми ноябр – занон дар се вазн - то 52, 64 ва 80 кг, мардон низ дар се вазн - то 57, 74 ва 100 кг оид ба самбои варзишӣ рақобат карданд. Дар самбои размӣ мардон дар се вазн - то 62, 82 ва беш аз 100 кг - барои медалҳо мубориза бурданд.

Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми мусобиқа оид ба самбои варзишӣ дар сабқати мардон се варзишгар намояндагӣ кард. Ду нафари онҳо бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни зери 57 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Карим Алланурови туркман, баъдан Адилет Саяжанови қазоқро шикаст дод. Вале дар даври баъдӣ аз Вахтанги Чидрашвилии гурҷӣ мағлуб гашт. Акмалиддин барои ҷойи сеюм бар Шаҳзод Тагиеви узбек ғолиб омад.

Беҳрӯзи Хоҷазода низ дар вазни зери 74 кило ба рақобатҳо аз даври дуюм шуруъ кард. Ӯ бар Артур Саркисян аз Украина, сипас бар Людовик Каваллера аз Фаронса пирӯз шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Станислав Скрябини русиягӣ мағлуб гашт. Баъдан Беҳрӯз дар даври тасаллобаш Дониёр Бейшееви қирғизро шикаст дод ва барои медали биринҷӣ бар Ашот Мартиросян аз Булғористон дастболо шуд.

Вале Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни зери 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Давити Лориашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд.

Медали сеюми биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Сорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ овард. Ӯ баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм қувваозмоиро ба Андрей Кучеренко аз Украина бохт. Сорбон барои ҷойи сеюм Борис Кандови булғорро шикаст дод.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа – 9-уми ноябр – чор нафар гуштигирони тоҷик дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Дар сабқати самбои варзишӣ Ҷомии Ҳасан дар рақобатҳо дар вазни зери 52 кило аз Гиви Надареишвилии гурҷӣ мағлуб шуд. Мустафо Ҳасанов дар вазни зери 68 кило қувваозмоиро ба Ласио Сокеи руминиягӣ бохт. Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило аз Камолиддин Холмаматови узбекистонӣ мағлуб шуд. Инчунин Беҳрӯз Зуҳуров дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 74 кило аз Михаил Николови булғор ноком гашт.

Имрӯз, 11-уми ноябр, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз ду варзишгар дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон ва ду нафар дар самбои размӣ ширкат меварзанд: самбои варзишӣ - Хушқадам Хусравов (-62 кг) ва Зафар Олимшоев (-82 кг), самбои размӣ -Умедҷон Муҳиддинов (-68 кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90 кг).

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Бухарест, ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев ба ҳайси ҳакам намояндагӣ мекунад.

Барномаи рӯзи охирини мусобиқа

11-уми ноябр – рӯзи сеюм. Занон то 56, 68 кг ва беш аз 80 кг. Мардон: то 62, 82 кг ва беш аз 100 кг. Самбои размӣ: то 52, 68 ва 90 кг.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ, ки дар Қасри варзиши «Sala Polivalenta»-и Бухарест ҷараён дорад, ҳудуди 500 варзишгар аз 80 кишвар барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) мубориза мебаранд. Мусобиқа шаби якшанбе, 11-уми ноябр, ба поён мерасад.

FIAS дар соли таҷлили ҷашни 80-солагии самбо маблағи ҷавоизи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 000 доллари ИМА муқаррар кард. Зӯртарин гуштигирон ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд: барои ҷойи якум – 3000 доллар, барои ҷойи дуюм – 2000 доллар ва барои ҷойи сеюм – 1500 доллар.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки соли гузашта дар шаҳри Сочи бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, гаштигирони тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал - як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ - ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Русия мақоми дуюмро касб намуданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни зери 82 кило медали биринҷӣ гирифт. Инчунин дар риштаи самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзҳои якум ва дуюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарести Руминия

9-10-уми ноябри соли 2018

Занон

-48 кг

1.МОЛЧАНОВА Мария (Русия)

2. ГУЛОВА Нодира (Узбекистон)

3. ГАНБААТАР Нарантсетсег (Mуғулистон)

3. ЧИСС Миҳаэла-Даниела (Руминия)

-52 кг

1. РЯБОВА Dиана (Русия)

2. ЖАРСКАЯ Maрина (Беларус)

3. ЕРБОЛОВА Гулнур (Қазоқистон)

3. ЕСАНУ Паулина (Mолдова)

-60 кг

1. КОСТЕНКО Яна (Русия)

2. ШЕВЧЕНКО Анастасия (Украина)

3. АРТЕМЧИУЧ Сабина (Молдова)

3. ПРОКОПЕНКО Катерина (Беларус)

-64 кг

1. МАТСКО Татяна (Беларус)

2. САЙКО Oлена (Украина)

3. ОНОПРИЕНКО Екатерина (Русия)

3. БАЯРБАТ Баасанҷиаргал (Mуғулистон)

-72 кг

1. ОДЗЕЛАШВИЛИ Нино (Гурҷистон)

2. ПОДЕЛЕНСКИ Л. (Руминия)

3. СМОЛ Наталия (Украина)

3. ВОЛОҲАН Виктория (Mолдова)

-80 кг

1. ТИМОШЕНКО Светлана (Беларус)

2. ОРЯШКОВА Mария (Булғористон)

3. БАТАА Саинбуян (Mуғулистон)

3. КОВАЛСКА Ҳаляна (Украина)

Мардон

-52 кг

1. КУБАРКОВ Aндрей (Русия)

2. КИРАКОСЯН Tигран (Aрманистон)

3. ШААЛУУ Ерденебаатар (Mуғулистон)

3. НАДАРЕИШВИЛИ Гиви (Гурҷистон)

-57кг

1.ЧИДРАШВИЛИ Вахтанги (Гурҷистон)

2. БУРДЗУ Ладзислау (Беларус)

3. КАРИМОВ Aкмалиддин (Tоҷикистон)

3. ЯНАКОВ Bорислав (Булғористон)

-68 кг

1. СЕРИКОВ Нурбол (Қазоқистон)

2. ҲАСАНОВ Эмил (Озарбойҷон)

3. КЛЕТСКОВ Никита (Русия)

3. КОКША Александр (Беларус)

-74 кг

1. СКРЯБИН Станислав (Русия)

2. МАРКАРИАН Георгиос (Юнон)

3. ХОҶАЗОДА Беҳрӯз (Tоҷикистон)

3. ГАЗАРЯН Арсен (Aрманистон)

-90 кг

1. ОГАНИСЯН Давид (Русия)

2. СТЕПАНКОВ Алексей (Беларус

3. ГЕРАСИМЕНКО Дмитрий (Сербия)

3. ГВИНИАШВИЛИ Паата (Гурҷистон)

-100 кг

1. ЧЕРНОСКУЛОВ Aлсим (Русия)

2.КАЗУСИОНАК Aндрей (Беларус)

3. РЕСКО Викторс (Латвия)

3. ЛОРИАШВИЛИ Давити (Гурҷистон)

Самбои размӣ

-57 кг

1. НЕСТЕРОВ Александр (Русия)

2. ВОРОПАЕВ Александр (Украина)

3. НЯМХУУ Тогтохбаяр (Муғулистон)

3.ТУССУПОВ Серикжан (Қазоқистон)

-62 кг

1. АБДУЛАЗИЗОВ Комил (Русия)

2. КУЧЕРЕНКО Андрей (Украина)

3. ЛАТИФОВ Сорбон (Tоҷикистон)

3. ДАВЛАТОВ Kаримбердӣ (Tуркманистон)

-74 кг

1. РУДНИЕВ Владислав(Украина)

2. КАРЯЕВ Дайирбек (Қирғизистон)

3. АЗИЗОВ Заур (Русия)

3. ХУУХЕНХУУ (Mуғулистон)

-82 кг

1. ЭҲСОНГАЛИЕВ Tемирлан (Қазоқистон)

2. САМОЙЛОВ Дмитрий (Русия)

3. МАДАМИНОВ Ҷавлонбек (Tуркманистон)

3. КИМ Таегеун (Кореяи Ҷанубӣ)

-100 кг

1. ВОЛОШЯНОВ Анатолий (Украина)

2. ДЕНИСЛАВ Златев (Булғористон)

3. АННАҚУРБОНОВ (Tуркманистон)

3. МОХНАТКИН Михаил (Русия)

+100 кг

1. МОЛДАВСКИЙ Валентин (Русия)

2. ИСМОИЛОВ Ҳакимҷон (Узбекистон)

3. ИбОДУЛЛОЕВ Бобоҷон (Tуркманистон)

3. ТОНОЯН Размик (Украина)

XS
SM
MD
LG