Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Олмон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо оид ба шотокан-СКИФ каратэ-до дар Олмон ду медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 9-11-уми май дар шаҳри Дрезден баргузор шуд, мунтахаби Точикистон бо шумули панҷ варзишгар таҳти раҳбарии Маҳмадулло Мирзоев, раиси Маркази рушди шотокан-СКИФ каратэ-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аввалин бор ширкат кард.

Фозил Фозилов байни писарони синашон 13-14-сола оид ба кумите соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони Аврупо гардид. Намояндаи дигари Тоҷикистон Аниса Ниёзова дар байни духтарони 14-15-сола оид ба кумите медали биринҷӣ ба даст овард. Варзишгарони тоҷик тавассути ҳавопаймо рӯзи 14-май бо хатсайри Берлин-Москва-Кӯлоб ба Тоҷикистон бармегарданд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ рӯзи 13-уми май Баҳром Ҳамидов, муовини раиси Маркази рушди шотокан-СКИФ каратэ-дои Тоҷикистон хабар дод. Вай афзуд, “Маркази рушди шотокан-СКИФ каратэ-дои Тоҷикистон расман соли 2012 дар Федератсияи шотокан-СКИФ каратэ-дои ҷаҳонӣ дар Токио ба кайд гирифта шудааст. Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон ба ҳайати кишварҳои Осиё шомил аст, дастаи Шотокан-СКИФ каратэ-дои Тоҷикистон расман аз ҷониби Федератсияи шотокан-СКИФ-и Аврупо ба ин мусобиқаи бонуфуз даъват шуда буд.”
XS
SM
MD
LG