Дар 36-умин давраи рақобатҳои гуштии Ҷоми ҷаҳонии паҳлавонии Тахтӣ, ки имрӯз, 14 январ, дар пойтахти Эрон - Теҳрон шурӯъ шуд, дувоздаҳ варзишгари тоҷик мубориза мебарад. Мусобиқот оид ба гуштии озод, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ, инчунин паҳлавонӣ дар толори 12-ҳазорнафарии Озодӣ бо ширкати варзишгарон аз Алҷазоир, Арманистон, Гурҷистон, Лаҳистон, Марокаш, Маҷористон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Сербистон, Тоҷикистон, Тунис, Украина, Эрон ва ғайра баргузор шудааст.
Маҳмуди Абдуллоҳ, мудири шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 14 январ ба Озодӣ хабар дод, ки ба ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби кишвар 12 гуштигир дохиланд. Вай афзуд, “ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод Абдурозиқ Олимов роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати даста Азамат Сӯфиев, Абдумуслим Раҷабов, Инкандари Рустам, Баҳодур Қодиров, Ҷамшед Шарифов, Абдуқосим Файзов ва Содирхуҷа Исмоилов шомиланд. Ба дастаи мунтахаби кишвар оид ба гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ бо раҳбарии Ҳабибулло Абдуллоев панҷ варзишгар – Ҳасан Сӯфиев, Сӯҳроб Абдулҳаев, Шараф Файзиев, Рӯзадор Ҷуганиев ва Лоиқ Амирҳамза – дохиланд.”
Мусобиқот дар намуди гуштии озод аз рӯи вазнҳои 57, 61, 65, 70, 74, 86, 97 ва 125 кг сурат гирифтааст. Дар намуди гуштии фарангӣ варзишгарон аз рӯи вазнҳои 59, 66, 71, 75, 80, 85, 98 ва 130 кг рақобат мекунанд. Дар сабқати паҳлавонӣ ширкаткунандагон дар ду вазн - 70 ва беш аз 90 кг - мубориза мебаранд.
Шоми имрӯз, 14 январ, ғолибон дар сабқати гуштии озод дар вазнҳои 65, 70, 97, 125 кг ва дар сабқати фарангӣ дар вазнҳои 59, 66, 98, 130 кг маълум хоҳанд шуд. Рӯзи 15 январ рақобатҳои гуштии озод дар вазнҳои 57, 61, 74, 86 кг ва сабқати гуштии фарангӣ дар вазнҳои 71, 75, 80, 85 кг, инчунин сабқати паҳлавонӣ дар вазнҳои 70 ва беш аз 90 кг баргузор мешаванд.
Федеросиюни гуштии Эрон танҳо барои сабқати паҳлавонӣ 23 ҳазор доллар ҷоиза дар назар гирифтааст, ки аз он ҷумла ба ғолиби вазни беш аз 90 кг панҷ ҳазор доллар ва ба ғолиби вазни 70 кг се ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.