Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довари ҷавони тоҷик ба қатори доварони мумтози AFC дохил шуд


Гулмуроди Саъдулло
Гулмуроди Саъдулло

Гулмуроди Саъдулло, довари 27-солаи FIFA аз Тоҷикистон, ки аз ҳамаи марҳилаи санҷишҳо бомуваффақият гузашт, ба ҳайати доварони мумтози Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар соли 2019 дохил шуд.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, довари тоҷик Гулмуроди Саъдулло барои ба ҳайати доварони мумтози AFC ворид шудан чаҳор марҳилаи санҷишро пушти сар кард.

Марҳилаи аввал, ки аз баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва омодагии ҷисмонӣ иборат буд, моҳи октябри соли гузашта дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур - доир гардид. Баъдан ин довари 27-солаи FIFA аз Душанбе ба марҳилаи баъдӣ роҳ дода шуд.

Имсол ба доварии Гулмуроди Саъдулло дар ду бозии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ («Барқчӣ»-и Ҳисор – «Кӯктош»-и Рӯдакӣ – 2:3 ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – «Хуҷанд»-и Хуҷанд – 1:1) намояндагони AFC баҳогузорӣ карданд.

Ибтидои моҳи сентябри имсол довари тоҷик Гулмуроди Саъдулло дар давраҳои бозомӯзии ҳакамон «AFC Elite Referees Selection Course» дар Малайзия ширкат варзид ва аз имтиҳони фитнес-тест бомуваффақият гузашт.

Ҳамакнун дар рӯйхати доварони мумтози AFC ду довари FIFA аз Тоҷикистон – Гулмуроди Саъдулло ва Насрулло Кабиров дохиланд. Зимнан, Кабирови 32-сола, ки аз шаҳри Норак мебошад, имсол ба ҳайси сардовар ду бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 ва ду бозиро дар мусобиқоти футболи Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия ҳакамӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG