Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ афсари милисаро дар Кӯлоб ба ришвахориву қаллобӣ муттаҳам кардаанд. ВИДЕО


Оҷонсии мубориза бо фасод ба зидди 5 афсари милиса дар минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми ришвахорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз ваколат ва сохтакорӣ парванда боз кардааст.

Абдураҳмон Носирзода, сардори шӯъбаи оҷонсӣ дар минтақа дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 17-уми июл гуфт, ки парвандаҳо зарфи шаш моҳи гузашта боз шудаанд ва яке аз муттаҳамон ба ҷиноят муовини сардори Шуъбаи вазорати корҳо дохилӣ дар ноҳияи Носири Хусрав аст, ки ба сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ (дасткории санад, ё далелҳо), қаллобӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад.

Ӯ афзуд: “Мо дар ҳамин давра ба зидди Сулҳиҷони Нозим муовини сардори Шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳияи Носири Хусрав ва ваколатдори калони оперативии ҳамон шуъба Буризода бо моддаҳои 314, 323 ва 247 қисми 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардем. Ин ду корманди милиса пул талаб кардаанд.”

Абдураҳмон Носирзода нагуфт, ки афсарони милиса аз кӣ ва чӣ қадар пул талаб кардаанд ва ҷузъиёти парвандаҳои ҷиноии онҳоро ошкор накард. Айни замон ӯ гуфт, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии се муфаттиш аз Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ идома дорад.

Боздошти 5 афсари милисаи минтақаи Кӯлоб аз тарафи идораи мубориза бо фасод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Ба қавли Носирзода, ин афсарон ва ҳомиёни қонун аз муттаҳам ба ҷиноят ришва хостаанд: “Ба зидди Ибодзода сардори шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳияи Восеъ, муфаттиши ҳамин шуъба Ғаффоров ваколадори оперативияш Зарипов бо моддаи 319 парванда боз кардем. Ин се нафар маблағ талаб карда мегиранд ва маблағи гирифтаашон 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.”

Манзур аз моддаи 319 дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “гирифтани пора” ва ё ришвахорӣ аст, ки то 5 соли зиндон ва маҳрум кардан аз ишғоли мансабҳои давлатӣ барои муддати муайянро дар назар дорад.

Аз ин пештар Додситонии вилояти Хатлон гуфт, ки дар ним соли гузашта 14 корманди милисаро барои қонуншиканҳои гуногун аз кор рондаанд. Дар Тоҷикистон гузориш доир ба ришвахорӣ дар байни мақомоти интизомӣ ва аз ҷумла кормандони милиса зиёд мерасад.

Бино ба омори расмӣ, солҳои 2017-2018 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 166 ҷиноят кардаанд ва 113 ҷиноят ҳам ришвахорӣ, тамаъҷӯӣ будааст. Имконоти кам, музди ночиз, тамрини нокофӣ, сабаби ришвахорӣ дар байни афсарони милиса дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Айни замон дар кишвар бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 амалӣ мешавад, ки ҳадафи он “давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Тоҷикистон, такмили ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини моддӣ ва ҳимояи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ” аст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG