Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз такрори ҷанг...ҳифзи қудрат ё воқеъият?


Мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, мақомот аз ҷанги шаҳрвандӣ ба унвони як фишанги тарсу таъсиргузорӣ ба мардум суиистифода мекунад.

Ҳар гоҳ, ки баҳсу талошҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон авҷ бигирад ва ё чеҳраи наве ҳарфи ошкореро дар ҳақи ҳукумат ба забон биёрад, намояндагони давлат дарҳол даст ба кор мешаванд ва шаҳрвандонро аз эҳтимоли такрори ҷанги шаҳрвандӣ ҳушдор медиҳанд. Ин шева ба силоҳе дар ҷанги иттилоотии ҳукумат бар зидди мухолифонаш табдил ёфтааст ва мақомот, аз сатҳи деҳкада то шаҳру вилоятҳои бузург аз ин "силоҳ" истифода мекунанд.

Ҳарчанд мақомот барои таҳкими ҳушдори худ намунаи мушаххасе намеоранд, вале ин гуна ҳушдорҳо бахши умдаи аҳолиро ба он водор мекунанд, ки лаб ба шукронаи сулҳу субот кушоянд. Пас, дарвоқеъ оё дар Тоҷикистон эҳтимоли як ояндаи торик ва ноамн вуҷуд дорад?

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
Линки мустақим

Дар суҳбатҳои ошкору пинҳон аз омилҳои хориҷӣ, таҳдидҳои Узбакистону Русия ва ҷангҷӯёни ҳамкори Ал-қоидаву Толибон дар Афғонистону Покистон ишора мешавад.

Tajikistan -- Sayfullo Safarov, Tajik expert on political issues & deputy chief of Tajik Strategic Centre, Dushanbe, 18Aug2011
Tajikistan -- Sayfullo Safarov, Tajik expert on political issues & deputy chief of Tajik Strategic Centre, Dushanbe, 18Aug2011
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон аз чунин суҳбатҳо ҳимоят мекунад. Аммо мегӯяд, омилҳои асосӣ дохилиянд, аз қабили аҳзоби сиёсӣ, ки дар арафаи интихобот фаъол мешаванд, афроди алоҳида, ки ҳамеша худро қаҳрамон медонанд ва мехоҳанд мардум онҳоро гӯш кунад, равияҳои гуногунӣ ақидативу фикрии исломиҳову мухолифони онҳо ва монанди ин: «Инҳо ҳама омилҳое ҳастанд, ки дар ҳолати каме суст шудани пояҳои ҳукумат фаъол мешаванд. Фаъолшавии онҳо ҳам ин аст, ки ҳар гурӯҳ мехоҳад, худро нишон диҳад, аммо дар маҷмӯъ метавонанд давлатдориро барҳам зананд, миллатро аз ҳам бипошанд ва равандҳои сиёсиеро маҳв кунанд.»

Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мухолифини зиёд надорад, аммо дар баробари ҳар изҳороти гаҳ-гоҳи, вокуниш нишон медиҳад ва заъфпазир будани худро ба намоиш мегузорад. Коршиносон кӯшишҳои ба кишвар истирдод кардани мухолифини сарсахт, аз ҷумла Умаралӣ Қувватов, ки худро раҳбари «Гурӯҳи 24» меномад, Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон ва «хомӯш» кардани Додоҷони Атоулло, раҳбари ҷунбиши «Ватандор» ҷузъе аз барномаи маҳор кардани авомили хатарнок ба амнияти миллӣ арзёбӣ мекунанд.
Ҳукумат ба ин бовар аст, ки ин қабил нерӯҳо аз ҷониби қудратҳои берунӣ алайҳи Тоҷикистон сармоягузорӣ ва истифода мешаванд.


Баҳсу талошҳои сиёсӣ ва амнияти кишвар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00


Дар дохили кишвар аҳзобе, монанди ҲНИТ ва ҲСДТ низ таҳти фишорҳои мустақиму ғайримустақим қарор доранд ва ин иқдомҳо низ ба амнияти миллӣ рабт дода мешавад.

Як ҳамсӯҳбати мо, ки аз мавқеи ҳукумат ҳимоят мекунад, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, фишоровариҳо, бахусус ба ҲНИТ ва руҳониёни маъруфи сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳалҳо, аз ин нест, ки ҳукумат худро бартар медонад, ё аз дастгоҳҳояш ба ҳадди аксар истифода мекунад, балки воқеан, қавонини дин аз қавонини сиёсат ва иҷтимоъ дар ҷомеаи имрӯз хеле пеш ҳаракат мекунанд ва ин раванд барои давлатдорӣ хатарнок аст. Вай афзуд, агар ҳукумат ба ҳадди аксар аз нерӯи худ истифода барад, метавонад, ки репрессияи солҳои 30 -умро пиёда кунад, вале ҳукумат мехоҳад, ки ҳар як нерӯи сиёсӣ дар вақту замони худ ва ба манфиати миллат сари кор ояд. Тавре таҷрибаи Туркия нишон медиҳад, ба сари қудрат омадани исломиҳо мӯҷиби рушди бесобиқаи ин кишвар шудааст.

Tajikistan - Senior official of the Islamic Revival Party Muhammadali Hayitov in Dushanbe, 10Feb2009
Tajikistan - Senior official of the Islamic Revival Party Muhammadali Hayitov in Dushanbe, 10Feb2009
Аммо, Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, овозаҳое, ки гӯё нерӯҳои дохилӣ аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд ва суботу назм дар кишварро ба ҳам мезананд, маҳсули тахайюли идеологҳои ҳукуматӣ аст. Вай мегӯяд, мухолифон на камтар аз ҳукумат ба давлатдорӣ ва истиқлол арҷ мегузоранд ва ҲНИТ, руҳониён ва ҳатто мухолифини хориҷ он нерӯеро надоранд, ки амнияти Тоҷикистонро ба ҳам зананд: «Ин ҳукумат ва намояндаҳои он халқро фаромӯш кардаанд. Вазъияти Тоҷикистон имрӯз худашон ноором карда истодаанд, чӣ расад ба берунаҳо. Фикр накунам, нерӯҳое, ки мухолифи ин ҳукумат ҳастанд, дар пайи ноамн кардани кишвар бошанд."

Коршиносони мустақил низ имкони як ноамнии бузург ва ё ҷанги дохилӣ дар кишварро соқит мекунанд. вуҷуд дошта бошанд. Музаффар Олим, сарвари Маркази таҳқиқотии «Шарқ» мегӯяд, ишораҳо ба Русияву Узбакистон ҳам сиҳат надоранд, ҳарчанд шояд онҳо мехоҳанд, ки як ҳукумати дигарро дар Тоҷикистон бубинанд. Аммо дар канори худ як кишвари нооромро дидан намехоҳанд.

Ҳушдору тарсу ҳаросе, ки ҳукуматдорон истифода мекунанд, танҳо ба ҳотири бақои худи онҳост. «Ҳукумат ба ҳар ҳол кӯшиш мекунад, манфиатҳои худро нигоҳ дорад ва аз зарфиятҳояш истифода барад. Ин амри табиист, ҳар ҳукумат ин корро мекунад, вобаста ба сатҳи шуурнокии ҷомиа. Агар ҷомиа заъф дорад, пас аз онҳо ҳукумат истифода мекунад. Аммо набояд бовар кард, ки як ҳукумати солим мехоҳад тавозуни мавҷударо дар Тоҷикистон ба ҳам занад. Он коре ҳам мекунад, то ҷоест, ки зарур аст.»

Коршиносон мегӯянд, ҳарфҳо дар бораи ноамниву сангандозиҳои дуҷонибаи ҳукумату мухолифонро бояд як падидаи пешазинтихоботӣ донист ва баробари интихоб шудани президент, сарусадоҳо ҳам пушти сар хоҳанд монд. Аммо, ба қавли онҳо, ин гуна баҳсҳо шояд даҳсолаҳо, то замоне, ки дар Тоҷикистон фасоди густарда, фақр, иқтисоди сиёҳ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар хатарҳои аслӣ ба амният ва давлатдории миллӣ аз байн наравад ва як ҷомеаи қонунсолор ва кафили ҳуқуқи шаҳрвандон новобаста аз маҳаллу миллат, дину ақида ва баромади иҷтимоӣ ба вуҷуд наояд, боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG