Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ( «Bangabandhu Gold Cup»), ки аз 1-ум то 12-уми октябр дар Бангладеш баргузор мешавад, баъди зуҳри рӯзи шанбе, 29-уми сентябр, ба пойтахти ин кишвар - шаҳри Дакка - расид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Тухтаев, ки муваққатан вазифаи сармураббии тими мунтахаби миллии кишварро ба зимма дорад, ба ҳайати даста 21 бозигарро дохил кардааст. Даста пеш аз сафар ба Бангладеш бо раҳбарии ӯ дар шаҳри Душанбе ба мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» омодагӣ дидааст.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок мекунанд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва ба гурӯҳи «В» Филиппин, Бангладеш ва Лаос дохиланд.
Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал мебароянд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаи Непал (2-юми октябр) ва мунтахаби Фаластин (4-уми октябр) рақобат мекунад. Дар мавриди ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан футболбозони тоҷик бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» ( Филиппин, Бангладеш ва Лаос) вориди рақобат мешаванд.
Бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар се варзишгоҳ доир мегардад. Бозиҳои сабқати гурӯҳӣ дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт» дар Силҳет, бозиҳои ниманиҳоӣ дар шаҳри Кокс-Бозор, бозии ниҳоӣ бошад, дар Варзишгоҳи миллии Бангабанду дар Дакка баргузор мешаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:
Даврозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳарсе аз ССКА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).
И.в. сармураббӣ – Алишер Тухтаев.
Мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш
Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.
Гурӯҳи«В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.
Тақвими бозиҳо:
Даври 1-ум
1 октябр (душанбе)
17:30 – Бангладеш – Лаос. Варзишгоҳин «Силҳет Дистрикт», Силҳет
2 октябр (сешанбе)
17:30 – Непал – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Даври 2-юм
3 октябр (чршанбе)
17:30 – Филиппин – Лаос. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
4 октябр (панҷшанбе)
17:30 – Тоҷикистон – Фаластин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Даври 3-юм
5 октябр (ҷумъа)
17:30 – Бангладеш – Филиппин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
6 октябр (шанбе)
17:30 – Фаластин – Непал. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Нимфинал
9 октябр (сешанбе)
13:30 – ҷойи 1-уми гурӯҳи «А» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «В». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор
10 октябр (чоршанбе)
13:30 – ҷойи 1-уми гурӯҳи «В» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «А». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор
Финал
12 октябр (ҷумъа)
17:30 – Варзишгоҳи миллии Бангабанду, Дакка
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.