Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббиёни "Хуҷанд" ва "Истиқлол" ба пирӯзии дастаҳои худ умед доранд


Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 оид ба футбол миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд рӯзи шанбеи 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар соати 14:00 оғоз меёбад.

Дар як нишасти хабарӣ, ки рӯзи 1-уми декабр дар Душанбе доир шуд, Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи «Хуҷанд», гуфт, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар тафовут дорад. Вай афзуд, “дар финал танҳо як гол метавонад ҳамаро ҳал кунад. Табиист, мо он се бозиеро, ки муқобили “Истиқлол” дар чемпионати Тоҷикистон карда будем, фаромӯш мекунем.

Мо мефаҳмем, ки дар финал бо кӣ бозӣ мекунем, қувваи рақибро дарк менамоем, бинобар ин, наметарсем ва рақибамонро эҳтиром мекунем. Ба бозии фардо танҳо бо як мақсад ба майдон меоем – хурсанд кардани мухлисонамон ва ба даст овардани ҷом.”

Дар навбати худ Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, дар ин нишаст гуфт, ки ин бозии ниҳоии мавсими тӯлонии имсола мебошад. “Мутаассифона, имсол мо ду ҷомро аз даст додем – Суперҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми АФК-ро. Умедворам, ки дар Ҷоми Тоҷикистон мо ғолиб мешавем. Ҷом ва чемпионат мусобиқаҳои комилан мухталифанд. Агар дар чемпионат ҳанӯз чизеро метавон ислоҳ намуд, вале дар ҷом аллакай номумкин аст. Умедворам, ки финали фардо хеле шавқовар мегузарад ва мо пирӯз мешавем”, - иброз дошт Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Бар асоси дастури мусобиқот барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 мушарраф мешавад. “Истиқлол”, ки дар Ҷоми AFC-2018 ҳамчун қаҳрамони кишвар ширкат меварзад, агар барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 шавад, онгоҳ ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ - “Хуҷанд” - дар мавсими оянда дар Ҷоми AFC иштирок хоҳад кард. Яъне сарфи назар аз натиҷаи бозии ниҳоӣ, дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” Тоҷикистонро дар мусобиқоти навбатии Ҷоми AFC намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол” барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ – 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 3:2) пирӯз шуданд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шуруъ аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон-2017. Финал

2-юми декабр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварони сардовар: Вафо Қараев (Шаҳринав), Насим Ҳамидов (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

2-юми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2 2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0 2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - ?

XS
SM
MD
LG