Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуди сегоник дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Ин сегоник ду сол пеш дар ноҳияи Мӯъминобод ба дунё омадаанд.

Рӯзи 20-уми январ як ҷавонзани тоҷик дар вилояти Хатлон сегоник ба дунё овард ва модараш мегӯяд, ки ҳамаи навзодон сиҳату саломат ҳастанд.

Парвина Усмонова, сокини деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, модари духтарони сегоник, рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тифлонашро бомдоди 20-уми январ дар шифохонаи марказии ноҳия ба дунё овард ва ҳоло ҳарсе зери назари табибон қарор доранд.

“Таваллуд бе мушкилӣ гузашт. Ҳамааш хуб буд, бе душворӣ гузарондам. Ҳоло кӯдаконро се чаҳор нафар нигоҳубин доранд.”

Табибон ба модари навзодон гуфтаанд, ки яке аз духтарон 2 килову 300 грам вазн дорад ва ду навзоди дигар 1 килову 300 граммӣ вазн доштаанд. Айни замон ҳарсеро дар инкубатор нигаҳ дошта мешаванд ва мумкин аст, барои муддате дар шифохона бимонанд. Парвина Усмонова афзуд, аз пеш медонист, ки соҳиби сегоник мешавад.

Моҳи саввум ё чаҳорум буд, ки барои ташхис ба шифохона рафтам, гуфтанд, ки сето ҳастанд. Медонистам, ки сето ҳастанд. Шаш ҳафт бор дида будамашон.

“Моҳи саввум ё чаҳорум буд, ки барои ташхис ба шифохона рафтам, гуфтанд, ки сето ҳастанд. Медонистам, ки сето ҳастанд. Шаш ҳафт бор дида будамашон.

Ба суоли Радиои Озодӣ, ки баъди шунидани хулосаи духтур, ки дар батнаш се тифл дорад, чӣ эҳсосе ӯро фаро гирифт, ӯ чунин посух дод:

“Кори Худованд буд ва шуд. Бо кӯмаки Худованд ба осонӣ ҳамааш гузашт.”

Ҳоло барои навзодон ном интихоб накардаанд. Модарашон мегӯяд, ки пешниҳод доранд, ба духтаронаш Анисаву Мӯниса ва Фарида ном гузоранд. Яке дигар пешниҳод кардааст, ки ба онҳо Фотимаву Зӯҳро ва Хадича ном бидиҳанд. Аммо волидон ҳанӯз ба хулосае наомадаанд, ки ба навзодон чӣ ном гузоранд.

Ба гуфтаи Парвина Усмонова, табибон дар шифохона ӯро хуб нигоҳубин мекунанд, чун фишори хунаш андаке баланд будааст.

“Зуд-зуд омада хабар мегиранд, ҳар лаҳза фишори хунамро месанҷанд, дору медиҳанд. Ҳамачиз ройгон аст. “

Парвина Усмонова, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст. Айни замон ҷое кор намекунад. Шавҳараш Зикриё Усмонов, гоҳ-гоҳе барои кор ба Русия меравад ва имсол баргаштааст ва дар канори ҳамсараш мебошад. Бо таваллуди сегоник, Парвинаву Зикриё соҳиби 5 духтар шуданд.

Духтарони калонии ин ҷуфт, 9 ва 6 сола будаанд. Дар ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз таваллуди сегоник дар ҷамоати Калинин огаҳ ҳастанд ва рӯзи душанбе мақомоти ноҳия ба дидани модари навзодон мераванд.

Ду сол пеш дар ноҳияи Мӯъминобод дар вилояти Хатлон ҳам як зан ва ӯ ҳам дар моҳи январ сегоник ба дунё овард. Дилафрӯз Менгиқулова, 11 сол бо як шавҳар зиндагӣ карда, фарзанд наёфт ва бо ин далел аз шавҳари аввал ҷудо шуда, шавҳари дигар кард. Ӯ танҳо пас аз 7 соли зиндагӣ бо шавҳари дуввумаш 28 январ сегоник таваллуд кард.

Видеои он кӯдаконро инҷо бубинед.

Сегоникҳо дар Мӯъминобод: Фотима, Зӯҳро ва Тоҳир
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:36 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG