Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як доллар дар Тоҷикистон 9 сомониву 43 дирам шуд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ дар як шаб 26 дирам поиин рафт. Агар рӯзи 10-уми июл дар бонкҳои тиҷоратӣ ба шумо дар ивази як доллар 9 сомониву 17 дирам медоданд, пас имрӯз қимати як доллар ба 9 сомониву 43 дирам расидааст.

Ҳамингуна агар як муштарии оддӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 100 доллар иваз кунад, барои он 943 сомонӣ мегирад. Қурби расмии як доллари амрикоиро Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн 9 сомониву 17 дирам таъйин кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, тағйири якбораи қурби пули миллӣ мавсимӣ ва бинобар таъсири омилҳои беруна низ ҳаст.

Дар вебсайтҳои чанде аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла "Эсхата", "Спитамен", ҷадвали қурби асъори хориҷӣ ҳаст, ки дар онҳо дида мешавад, қимати хариди 1 доллари амрикоӣ 9 сомониву 42 дирам ва қимати фурӯши он 9 сомониву 43 дирамро муқаррар шудааст. Муассисаҳои дигари молии хурди Тоҷикистон ҳам айни қиматро таъйин кардаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамин рӯз бо нашри тафсири расмӣ, сабабҳои ҷаҳиши қурби доллари амрикоӣ ва поин омадани қурби пули миллиро шарҳ дод.

Як доллар дар Тоҷикистон 9 сомониву 43 дирам шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Воридоти зиёд, коҳиши арзиши рубл

Дар он аз ҷумла омадааст, ки “бақияи манфӣ” ва ё фарқияти бузурги байни содироту ворид аз Тоҷикистон аз омилҳои талаботи зиёд ба доллар ва боло рафтани қимати он шудааст. Ба гуфтаи бонк, ки тафовути содирот ва воридот дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи имсол бештар аз 825 миллион долларро ташкил медиҳад.

Чаро нархи доллар 26 дирам боло рафт?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Яке аз сабабҳои дигар поин омадани қурби рубли русӣ будааст, ки барои муассисаҳои молии Тоҷикистон як арзи асосӣ барои мубодила буд. Ба гуфтаи Бонки миллӣ, азбаски қурби рубли русӣ дар моҳи апрел бештар аз 11 дар сад коҳиш ёфт, бонку муассисаҳои молии Тоҷикистон фурӯши доллар бо рубли русиро коҳиш доданд.

Мирзомуддин Мавлонов, сардори раёсати сиёсати қурби асъори Бонки миллӣ рӯзи 11-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бонкҳои тиҷоратӣ зимни муомилаи бонкӣ бо рубл доллар мегирифтанд ва сипас ба мизоҷон доллар пешниҳод мекарданд.

Мирзомуддин Мавлонов гуфт, "вақте қурби рубл якбора то 10-15 дарсад афтид, албатта бонкҳои мо бо қурби пешина доллар харидарорӣ карда наметавонанд. Вақте бонкҳо долларро бо қурби баланд харидорӣ мекунанд, алабатта наметавонанд онро бо қурби пастар дар дохил фурӯшанд. Дар ин ҳолат маҷбуранд бо қурби баландтар онро фурӯшанд."

Дар Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, бонк ва муассисаҳои молӣ дар тайиини қурби асъор озод ҳастанд. Вале ин аз камтарин ҳолатҳое аст, ки қурби сомонӣ дар як шаб ба таври назаррас поин мешавад.

"Бозори сиёҳ ба кори мо зарба мезанад"

Дар ҳамин ҳол масъулини бархе бонкҳои тиҷоратӣ мегӯянд, мавҷудияти бозори сиёҳ онҳоро водор кард, ки қурби долларро боло баранд. Яке аз намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ гуфт, ҳолатҳои зиёде аст, ки афроди алоҳида долларро бо қурби паст аз бонк мехаранд ва дар берун мефурӯшанд.

"Субҳ пеш аз шурӯи кори бонк чанд нафар пушти дар барои харидории доллар таёранд. Тақрибан ҳар рӯз инҳо ҳастанд, маълум нест, ки ин қадар долларро чӣ кор мекунанд. Аммо то ҷое мо омӯхтем, баъзе аз ин шахсон долларро аз мо бо нархи арзон харидорӣ карда, мебаранд ва онро дар бозори сиёҳ бо қурби баландтар мефурӯшанд",-гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ба ин сабаб ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, қарор шуд, ки барои аз байн бурдани чунин вазъ якбора қурби хариду фурӯши доллар боло бурда шавад. Қурби доллар дар Тоҷикистон дар ҳоле боз боло меравад, ки тайи як соли ахир камбуди шадиди доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Пешбинии коршиносон дар мавриди дар оянда дастрас шудани ин асъори хориҷӣ хушҳолкунанда нест.

Зарбаи аввалро камбизоатон мехӯранд

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, тағйири якбораи қурби пули миллӣ мавсимӣ ва бинобар таъсири омилҳои беруна низ ҳаст. Дар Тоҷикистон тағйири қурби доллар ва поин омадани арзиши пули миллӣ аксаран боиси болоравии қимати молу мавод ва бахусус маводи ғизоӣ мешавад.

Ин тағйиротро пеш аз ҳама мардуми камбизоат эҳсос мекунанд ва маҷбуранд хароҷот барои маводи хӯрокаро зиёдтар кунанд ва харҷ барои масоили барои онҳо "дуввумдараҷа" ба мисли муолиҷаву таҳсилро кам кунанд. Бештар аз 27 дар сади аҳолии Тоҷикистон ҳоло камбизоат ба ҳисоб мераванд.

XS
SM
MD
LG