Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков: "Ба табодули баъзе қаламравҳо бо Тоҷикистон омода ҳастем". ВИДЕО


Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонист.

Сооронбой Ҷеенбеков – раиси ҷумҳури Қирғизистон – гуфт, барои суръат бахшидан ба ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон омодаанд, ки "баъзе аз қаламравҳоро табодул кунанд". Ҷеенбеков дар ин бора рӯзи 25-уми декабр дар нишасти солонаи матбуотӣ дар Бишкек ибрози назар кард.

Пештар баъзе аз коршиносон низ табодули заминро яке аз роҳҳои ҳалли баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон гуфта буданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли имсол ҳангоми мулоқот дар сарҳади Воруху Оқсой ишора кард, ки "гоҳо ба гузашт ҳам роҳ додан лозим аст", аммо мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи табодули қаламравҳо пешниҳоде накардаанд.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад ва то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои номуайян борҳо байни сокинони ду кишвар муноқиша сурат гирифта ва ба хунрезӣ кашидааст.

Сооронбой Ҷеенбеков дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбе дар Бишкек гуфт, вақтҳои охир бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масоили марзиро бисёр баррасӣ мекунанд. "Мо мегӯем, биёед, заминҳои мувофиқатшударо табодул кунем. Биёед, масъалаи марзро ҳал кунем. Ҳайати Қирғизистон ба Тоҷикистон рафта буд. Ҳоло мунтазири ҳайати Тоҷикистон ҳастем. Ҳайат бояд аз 25 то 27-уми декабр ба кишвари мо меомад. Шояд дертар ояд," – афзуд ӯ.

Ҷеенбеков: "Ба табодули баъзе қаламравҳо бо Тоҷикистон омода ҳастем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Президенти Қирғизистон дар ин нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки масъалаи аломатгузории марз бо Тоҷикистон "бо кундӣ пеш меравад" ва афзуд, "бо Тоҷикистон масъала мушкил аст. Музокираҳо бо суръати суст пеш мераванд. Кор дар он сатҳе нест, ки дили мо мехоҳад."

Айни замон Ҷеенбеков гуфт, баҳсҳои марзии Қирғизистон бо кишварҳои дигари ҳамсоя – Узбекистон ва Қазоқистон – "аллакай ҳалли худро ёфтааст". Моҳи сентябри имсол ҳукумати вилояти Ӯши Қирғизистон тасдиқ кард, ки беш аз 400 гектар замини назди обанбори Керкидани ноҳияи Араванро бар ивази минтақае дар наздикии деҳаи Гулбаҳор ба Узбекистон доданд ва ба баҳси марзӣ бо ин кишвар нуқта гузоштанд.

Изҳори назарҳои президенти Қирғизистон дар бораи ҷараёни музокираҳои марзӣ бо Душанбе дар ҳолест, ки соли 2019, ба иттилои мақомоти Бишкек, дар сарҳад бо Тоҷикистон 13 муноқиша рух дод. Аксари ин ҳодисаҳо ба баҳсу даъвоҳои марбут ба дастрасӣ ба манобеи обу замин, чарогоҳҳо, гузаргоҳҳо, сохтмони роҳҳо ва дигар масоил рабт дорад.

Ҳодисаи охир 18-уми декабри имсол дар ҳудуди деҳаи Сомониёни Тоҷикистон ва Кук-Тоши Қирғизистон рух дод. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса се нафар, аз ҷумла як хонандаи мактаб ва ҷониби Қирғизистон гуфт, шаш нафар, аз ҷумла як марзбон осеб диданд.

Аксар бахши қаламравҳои баҳсӣ дар миёни вилоятҳои Суғду Ботканд ҷойгир буда, деҳоти ин қаламравҳои марзӣ сераҳолӣ ва аз ҳамин ҷиҳат ҳассос боқӣ мемонанд.

Як далели дармондани ҷонибҳо дар ҳалли масоили баҳсӣ ин аст, ки ҳарду ҷониб харитаҳои солҳои гуногуни Шӯравиро ҳамчун асос дар даъвоҳои марзии кишварҳояшон истифода мекунанд.

Қитъаҳои замин ва манбаъҳои обии дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ барои чӯпонон ва сокинони ҳар ду кишвар дастрас, ҳоло моликияти яке аз тарафҳо гаштаанд ва ҳар кадоме ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG