Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби бузкашии Тоҷикистон дар нахустин мусобиқоти кушодаи қаҳрамонии Осиё оид ба кӯк-бӯрӯ(бузкашӣ) дар Остонаи Қазоқистон ҷои севумро ба даст овард.

Човандозони тоҷик дар ин мусобиқот дар аввалин рақобат аз мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 3:9 шикаст хӯрданд. Вале баъдан мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Муғулистон бо ҳисоби 8:1, Русия 5:0 ғолиб омада, барои ҷойи севум дастаи Чинро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард ва бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар сабқати ниҳоӣ, ки 15-уми сентябр барпо гардид, дастаи мунтахаби Қазоқистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Човандозони қазоқ бо медалҳои тилло ва варзишгарони қирғиз бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Натоиҷи бозиҳои аввалин мусобиқоти кушодаи қаҳрамонии Осиё оид ба кӯк-бӯрӯ

11-15-уми сентябр
шаҳри Остонга, ипподроми «Қазанат»

11 сентябр
Қазоқистон – Тоҷикистон - 9:3
Русия – Муғулистон - 13:0
Қирғизистон – Узбакистон - 11:1
Туркия – Чин - 0:8

12 сентябр
Тоҷикистон – Муғулистон - 8:1
Қазоқистон – Русия - 16:1
Қирғизистон – Туркия - 16:3
Узбакистон – Чин - 4:6

13 сентябр
Тоҷикистон – Русия - 5:0
Қазоқистон –Муғулистон - 15:2
Қирғизистон – Чин - 12:0
Узбакистон – Туркия - 9:1

14 сентябр
Барои ҷойҳои 7-8-ум. Муғулистон – Туркия - 9:4
Барои ҷойҳои 5-6-ум. Русия – Узбакистон - 9:2

15 сентябр
Барои ҷойҳои 3-4 –ум. Тоҷикистон – Чин – 3:0

Финал. Қазоқистон – Қирғизистон - 4: 2

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG