Паҳлавонони тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов ва Комрон Карликов дар мусобиқоти байналмилалии Гран-прии ҷудо (Grand-Prix The Hague 2017) аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо), ки рӯзҳои 17-19 ноябр дар шаҳри Ҳейг ё Гаагаи Ҳолланд баргузор шуд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Дар ин мусобиқот 229 варзишгар (138 мард ва 91 зан) аз 42 кишвари ҷаҳон ширкат дошт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ду гуштигир –Хайёмиддин Ҷабборов ва Комрон Карликов – дар сабқати мардон намояндагӣ карданд. Ҷабборов 18-уми ноябр дар рақобатҳо дар вазни зери 73 килограмм дар даври аввал аз Мишел Бартусик аз Лаҳистон (Полша) мағлуб гашт.
Карликов бошад, дар вазни зери 90 килограмм бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дувум, ки 19-уми ноябр доир шуд, аз Эдуард Триппели олмонӣ шикаст хӯрд.
Бояд гуфт, ки дар Гран-прии ҷудо дар Ҳолланд дар сабқати мардон дар вазни зери 90 килограмм Александр Куколҷи сербиягӣ, ки дар ҳамин ҳол дар феҳристи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мақоми аввал аст, ғолиб шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ дастболо гардид.
Дар сабқати мардони вазнашон зери 73 килограмм Хатбаатар Наранхуу (Муғалистон), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Виктор Сквортсов (Имороти Муттаҳидаи Араб) пирӯзӣ ба даст овард, бо медали тилло сарфароз гашт.
Тибқи барномаи мусобиқот рақобатҳо миёни занон дар ҳафт вазн – 48 кг, 52 кг, 57 кг, 63 кг, 70 кг, 78 кг ва беш аз 78 кг ва байни мардон низ дар ҳафт вазн – 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг - сурат гирифт.
Баъди натиҷагирии рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҳолланд бо касби 12 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳибӣ кард. Мунтахаби Русия бо касби 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дувум ва мунтахаби Муғулистон бо касби 6 медал (2 тилло ва 4 нуқра) севум шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Ҳолланд:
Мардон
60 кг
1. ОЗЛУ Бекир (Туркия) 2. МКЕНЗИ Ашлей (Британияи Кабир) 3. БАЯРАА Амартувшин (Муғулистон) 3. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
66 кг
1. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Басхуу (Муғулистон) 2. ШАМИЛОВ Яъқуб (Русия) 3. ГАИТЕРО МАРТИНИ Алберто (Испания) 3. ХАМЕТОВ Ислом (Русия)
73 кг
1. НАРАНХУУ Хатбаатар (Муғулистон) 2. СКВОРТСОВ Виктор (Имороти Муттаҳидаи Араб) 3. ТСЕНД-ОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон) 3. ЗИНГГ Антони (Олмон)
81 кг
1. ВОРОБЁВ Иван (Русия) 2. РЕССЕЛ Доминик (Олмон) 3. КАССЕ Маттиас (Белгия) 3. МОЛЛАӢ Сайид (Эрон)
90 кг
1. КУКОЛҶ Александр (Сербия) 2. МАГОМЕДОВ Магомед (Русия)
3. КОЗЛОВСКИ Рафаел (Лаҳистон) 3. СМИНК Ҷеспер (Ҳолланд)
100 кг
. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Русия) 2. ДВАРБИ Ҷоаким (Шветсия) 3. КОРРЕЛ Михаел (Ҳолланд) 3. СНИППЕ Ҷелле (Ҳолланд)
+100 кг
1. МЕЙЕР Рой (Ҳолланд) 2. САРНАКИ Макиҷ (Лаҳистон) 3. БОСТАНОВ Сослан (Русия) 3. МАҲҶОУБ Ҷавод (Эрон)