Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари беҳосили 6 паҳлавони тоҷик ба Боку


Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки рӯзи 20- уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – шуруъ шуд ва то 27-уми сентябр идома меёбад, то ҳоло шаш варзишгари тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон ширкат варзида, аз медалҳо бенасиб монаданд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аввалин шуда Сӯҳроб Боқиев рӯзи 20-уми сентябр вориди рақобат шуд. Вале ӯ дар вазни зери 60 кило дар даври аввал аз рақибаш Ин Ҳюк Чои аз Куриёи Ҷанубӣ мағлуб гашт.

Рӯзи 21-уми сентябр ду паҳлавони тоҷик - Наврӯз Каримзод ва Ёқубҷон Боқиев – дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило вориди рақобатҳо шуданд. Наврӯз дар даври аввал аз Ҷуан Постигос (Перу) мағлуб гашт. Ёқубҷон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Ҷереми Сайвелл (Малта) ғолиб омад. Вале дар даври баъдӣ аз Аҳмад Абулраҳмон (Миср) шикаст хӯрд.

Рӯзи 22-юми сентябр боз ду гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - дар вазни зери 73 кило ба рақобатҳо пардохтанд. Хоҷазода баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Лукас Диалло (Букина Фасо), Калвин Кноестер (Австралия) ва Мишел Бартусик (Лаҳистон), дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Маҳмадбеков бошад, дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дувум бар Ғиёсҷон Бобоеви узбекистонӣ дастболо шуд. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври баъдӣ аз Тсогдбаатар Тсенд- Очир аз Муғулистон ноком шуд.

Имрӯз, 23-юми сентябр, Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило қувва озмуд. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Стевен Азари лубнониро шикаст дод. Баъдан Акмал бар Эммануел Лусентии аргентинӣ ғолиб омад. Вале паҳлавони тоҷик дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Матзиас Кассе (Белгия) мағлуб шуд.

Ба ин тартиб, дар чор рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Боку (20-23 сентябр) шаш гуштигири тоҷик сабқати худро ба анҷом расонида, бе медал монданд. Боз се паҳлавони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов – дар рақобатҳо ширкат меварзанд.

Рӯзи душанбеи 24-уми сентябр Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило бо ғолиби ҷуфти Юта Галаррета Виллар (Перу) – Эйле Ле Беау (Конго) рақобат мекунад.

Рӯзи чоршанбеи 26-уми сентябр боз ду гуштигири тоҷик - Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов – ҳарду дар вазни беш аз 100 кило барои ҷоизаҳо талош меварзанд. Шакармамад ба сабқат аз даври дувум шуруъ мекунад. Рақибаш Якив Хаммо аз Украина мебошад. Темур дар даври аввал бо Фредди Фигуероа (Эквадор) рақобат менамояд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Боку 756 варзишгар (459 марду 297 зан) аз 125 кишвари панҷ қораи дунё барои медалҳо, ҷоизаҳои молӣ ва имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио то рӯзи 27-уми сентябр мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Боку дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 4 медали тилло, 3 нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ бо як медали тилло, як нишони биринҷӣ ва ду ҷойи панҷум дар мақоми дувум қарор дорад. Украина бо касби як медали тилло ва як нишони биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад.

Ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар феҳрасти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон –шаҳри Будапешт –баргузор шуд, Тоҷикистонро шаш варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ кард. Саидмухтор Расулов ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило, Садр Боев дар вазни зери 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило, Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни зери 100 кило ноком шуда, бе медал монданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии паҳлавони маъруф Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

Ғолибону ҷоизадорони се рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Боку:

Мардон

60 кг
1. ТАКАТО Наоҳиша (Ҷопон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)

66 кг
1. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)
2. СЕРИКЖАНОВ Ерлан (Қазоқистон)
3. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)

73 кг
1. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
3. МУҲАММАДИ Муҳаммад (Эрон)

Занон

48 кг
1. БИЛОДИД Даря (Украина)
2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
3. ГАЛБАДРАХ Отгонтсесег (Қазоқистон)
3. ПАРЕТО Паула (Аргентина)

52 кг
1. АБЕ Уфа (Ҷопон)
2. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)
3. БУШАР Амандин (Фаронса)
3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)

57 кг
1. ЙОШИДА Тсукаса (Ҷопон)
2. СМИТ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)
3. ДЕГУЧИ Криста (Канада)
3. ҶОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)

XS
SM
MD
LG