Ёқубҷон Назиров, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола, ки рӯзҳои 14-15-уми апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, барандаи медали тилло гардид. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм панҷ пирӯзӣ ба даст овард.
Тоҷикистон бо як медали тиллои Ёқубҷон Назиров ва як ҷойи ҳафтуми Муллораҷаб Халифаев мақоми панҷумро касб намуд.
Ёқубҷон Назиров баъди се пирӯзӣ дар даври интихобӣ бар Раймонд Де Вос (Ҳолланд), Озар Яъқубов (Озарбойҷон) ва Имеда Гоголадзе (Гурҷистон) ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Санширо Мурао (Ҷопон) ғолиб омад ва ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Том Бонешанскер (Ҳолланд) дар муддати 55 сония бо баҳои баландтарин “иппон” пирӯзӣ ба даст овард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Зимнан, Ёқубҷон дар чаҳор қувваозмоияш бар рақибони худ пеш аз муҳлат бо баҳои “иппон” дастболо шуд.
Дар Ҷоми Аврупо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки дар Қасри варзиши “Юбилейний”-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, 259 варзишгар (171 писар ва 88 духтар) аз 16 кишвар, аз он ҷумла ҳашт ҷумҳурии собиқи шӯравӣ – Русия, Беларус, Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон, инчунин аз Кипр, Финляндия, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон, Ҳолланд , Полша ва Словакия ширкат дошт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт гуштигир дохил буд, ки аз рӯи чаҳор вазн рақобат карданд: Муллораҷаб Халифаев, Суруш Таваккалов (ҳарду дар вазни -66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳарду дар вазни -73 кг), Хушвахт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (ҳарду дар вазни -81 кг), Темур Маҳмадов ва Ёқубҷон Назиров (ҳарду дар вазни -90 кг). Вале ба ғайр аз Ёқубҷон Назиров, варзишгарони дигари тоҷик аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд.
Дар Ҷоми Аврупо дар Санкт-Петербург дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 28 медал (8 тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ҷопон бо касби 11 медал (5 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дувум шуд. Озарбойҷон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ кард. Тоҷикистон бо як медали тиллои Ёқубҷон Назиров ва як ҷойи ҳафтуми Муллораҷаб Халифаев мақоми панҷумро касб намуд.
Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, 14-15-уми апрел:
Ҷавонмардон
-55 кг
1. АЛИЕВ Равшан (Озарбойҷон)
2. АГАЕВ Балабой (Озарбойҷон)
3. АМОНОВ Шаҳзод (Русия)
3. ИБРОҲИМОВ Имом (Русия)
-60 кг
1. КОНИШИ Сеиширо (Ҷопон)
2. НАҶАФОВ Яшар (Озарбойҷон)
3. ҶЕБОВ Обид (Русия)
3. ЮСУФОВ Аҳмад (Озарбойҷон)
-66 кг
1. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)
2. МОТЕКИ Точимичи (Ҷопон)
3. ГАЛСТЯН Карен (Русия)
3. ПРИДИРА Дмитрий (Русия)
-73 кг
1. ГАМОСОВ Давид (Русия)
2. АҲМАРОВ Ҳамзат (Русия)
3. БАРАХОЕВ Атам (Русия)
3. ШАХЛАМЖАН Карекин (Русия)
-81 кг
1. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)
2. АХАЛКАТСИ Владимир (Гурҷистон)
3. БЕКАУРИ Лаша (Гурҷистон)
3. ФАТИЕВ Мурод (Озарбойҷон)
-90 кг
1. НАЗИРОВ Ёқубҷон (Тоҷикистон)
2. БОНЕШАНСКЕР Том (Ҳолланд)
3. БЕКАУРИ Микаэли (Гурҷистон)
3. МУРАО Санширо (Ҷопон)
-100 кг
1. БАКАНОВ Денис (Русия)
2. ЯМАГУЧИ Такая (Ҷопон)
3. ФИЗЕЛ Мариус (Словакия)
3. ДЕВОС Паул (Фаронса)
+100 кг
1. САИТО Тасуру (Ҷопон)
2. КАМОЛОВ Артур (Русия)
3. ҒАМЗАТХОНОВ Ҷамол (Русия)
3. ГРИНИҶЕ Уесли (Британияи Кабир)