Пайвандҳои дастрасӣ

Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон


Cомон Маҳмадбеков (аз рост дувум)

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони синашон то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.

Сомон рӯзи 19-уми октябр дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш Саини Сингҳ (Ҳиндустон) ва Исмоил Иброҳимов (Озарбойҷон), аз Даниел Каргнин (Бразилия) мағлуб гашт. Баъдан ӯ дар даври тасаллобахш Рока Касес Салвадори испаниягиро шикаст дод. Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Яъқуб Ҷаводов (Озарбойҷон) пирӯз шуд ва мақоми севумро касб кард.

Дар вазни зери 66 кило Даниел Каргнини бразилиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Артём Штурбанини узбакистониро шикаст дод, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Африқо миёни наврасон, ки моҳи апрели соли равон дар Тунис баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Инчунин ӯ дар Ҷоми Аврупо миёни навҷавонон, ки моҳи август дар шаҳри Аради Руминия барпо гардид, барандаи медали тилло гардид.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони солҳои таваллудашон 1997-99, ки дар шаҳри Загреби Хорватия то рӯзи 22-юми октябр идома меёбад, 590 варзишгар (писарону духтарон) аз 83 кишвар ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ гуштигир шомил аст: Суҳроб Боқиев (вазни зери 60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни зери 66 кг), Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Муртазо Аминов (вазни зери 90 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни зери 100 кг).

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 18-уми октябр – Сӯҳроб Боқиев дар вазни зери 60 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Австралия ва Белгия, дар даври баъдӣ аз Аҳмад Юсуфови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 19-уми октябр – ба ҷуз Сомон Маҳмадбеков, боз се варзишгари дигари тоҷик рақобат карданд. Муҳаммадкарим Сарахонов дар вазни зери 66 кило дар даврҳои муқаддамотӣ бар рақибони худ аз Кипр ва Урдун ғолиб омад, вале баъдан қувваозмоиро ба Артём Штурбанин аз Узбакистон бохт.

Эраҷ Абдуллоев дар вазни зери 73 кило дар даври аввал бар рақибаш аз Қирғизистон дастболо шуд, вале дар даври дувум аз Дидор Ҳамзаи қазоқистонӣ мағлуб гашт. Дар ин вазн Хайёмиддин Ҷабборов низ пас аз пирӯзӣ бар гуштигири Босния ва Ҳерзеговин, дар даври дувум аз Мартин Ҳоҷак аз Словения шикаст хӯрд.

Имрӯз, 20-уми октябр, Раҳматуллобек Фарҳодов ва Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни зери 81 кг), инчунин Муртазо Аминов (дар вазни зери 90 кг) вориди рақобат мешаванд. Рӯзи якшанбеи 21-уми октябр бошад, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни зери 100 кг) барои медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонон мубориза мебаранд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонон дар ду рӯзи аввали рақобатҳо:

-55 кг
1. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)
2. ГУРБАНЛӢ Натиғ (Озарбойҷон)
3. ЛХАГВАҶАМТС Унуболд (Муғулистон)
3. НОРБОЕВ Баюрҷон (Қазоқистон)

-60 кг
1. СУГИМОТО Таиго (Ҷопон)
2. ҲУСЕЙНОВ Каромат (Озарбойҷон)
3. ЯГВАРАЛДОРҶ Амарболд (Муғулистон)
3. КОГА Генки (Ҷопон)

-66 кг
1. КАРГНИН Даниел (Бразилия)
2. АРТЁМ ШТУРБАНИН (Узбакистон)
3. МАҲМАДБЕКОВ Сомон (Тоҷикистон)
3. НИНИАШВИЛИ Баргати (Гурҷистон)

-73 кг
1. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
2. КИЛОГЛУ Билол (Туркия)
3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
3. ҲАМЗА Дидор (Қазоқистон)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG