Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Узбакистон


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни наврасон дар Чирчики Узбакистон 9 медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни наврасон, ки рӯзҳои 13-14 июн дар шаҳри Чирчики Узбакистон баргузор шуд, 9 медал ба даст оварданд.

Дар сабқати писарон паҳлавонони ҷавони тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни зери 55 кг, Илҳомҷон Ҳофиззода дар вазни зери 73 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Дар сабқати духтарон Шоҳида Қаландарова, ки дар вазни зери 57 кило ғолиб омад, медали тилло гирифт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷаҳонгир Шамоилӣ дар вазни зери 66 кило медали нуқраро соҳибӣ намуд.

Инчунин дар сабқати писарон се нафари дигар – Эраҷ Абдуллоев дар вазни зери 66 кило, Муҳаммадбек Фарҳодов ва Муҳаммадризо Қурбонов (ҳарду дар вазни беш аз 90 кило) – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Медали чаҳоруми биринҷиро ба Тоҷикистон Шукрона Қарчиева дар сабқати духтарон дар вазни зери 48 кило овард.

Дар ин мусобиқа 140 варзишгар (93 писару 2 духтари солҳои таваллудашон 1998-2000) аз 4 кишвар рақобат карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 нафар (20 писару 2 духтар) дохил буд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 47 медал (11 тилло, 12 нуқра ва 24 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Тоҷикистон бо касби 9 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 нуқра) дар мақоми севум қарор гирифт. Мунтахаби Қирғизистон бо 1 медали нуқра ва 1 нишони биринҷӣ дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷой гирифт.

XS
SM
MD
LG