Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон бе медал монданд


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Абу-Даби аз медалҳо бенасиб монданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни навҷавонон (World Judo Chempionships Juniors Abu Dhabi 2015), ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби - баргузор шуд, дар рақобатҳои инфиродӣ шаби 26 октябр ба поён расид. Дар ин мусобиқа 555 гуштигир (336 мард ва 219 зан), варзишгарони солҳои таваллудашон 1995-1997 аз 82 кишвар барои 16 маҷмӯи медалҳо ( 8 – мардон ва 8 – занон) дар рақобатҳои инфиродӣ мубориза бурданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 10 гуштигир дохил буд. Нӯҳ нафари онҳо - Эраҷ Абдуллоев (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Акмал Муродов, Комрон Карликов (ҳарду - 81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Фаррухи Салим (ҳарду - 90 кг), Темур Раҳимов, Санавбар Шанбиев (ҳарду - 100 кг) ва Баротҷон Наимов (беш аз 100 кг) – дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Танҳо як нафар - Хуршед Маҷидов - дар вазни беш аз 100 кг рӯзи 26 октябр баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Сербия ва Австрия, дар даври севум аз Мессӣ Катангаи фаронсавӣ мағлуб гашт. Баъдан Хуршед аз Юсей Огаваи ҷопонӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Ғолибону ҷоизадорон мусобиқа байни навҷавонон:

55 кг
1. ШАМШАДИН Магжан (Қазоқистон)
2. ЛИ Харим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. БАЯРАА Амартувшин (Муғулистон)
3. КУПАТАДЗЕ Иракли (Гурҷистон)

60 кг
1. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)
2. ТСЕНДОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон)
3. ХЯР Валиде (Фаронса)
3. КИМ Чаннонг (Кореяи Ҷанубӣ)

66 кг
1. АСАРИ Масая (Ҷопон)
2. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3. КАРГНИН Даниел (Бразилия)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

73 кг
1. КАНГ Хеончеол (Кореяи Ҷанубӣ)
2. КИРАКОЗАШВИЛИ Тамази (Гурҷистон)
3. ХОЙАК Мартин (Словения)
3. НЕВЕС Линсолн (Бразилия)

81 кг
1. ДЕ ВИТ Франк (Нидерланд)
2. ФУЯВАРА Сотаро (Ҷопон)
3. МАКУХА Виктор (Украина)
3. СИЛВА МОРАЛЕС Иван Фелип (Куба)

90 кг
1. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
2. ШВЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)
3. ДАДАШОВ Фирудин (Озарбойҷон)
3. КУСТСЕРА Пиотр (Лаҳистон)

100 кг
1. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)
2. ГОНКАЛВЕС Леонардо (Бразилия)
3. АЗАРОВ Никита (Қазоқистон)
3. САВЯТСКИЙ Антон (Украина)

+100 кг
1. БАШАЕВ Тамерлан (Русия)
2. ТАНАКА Гента (Ҷопон)
3. КАТАНГА Месси (Фаронса)
3. ОГАВА Юсей (Ҷопон)

XS
SM
MD
LG