Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Раҳимов дар садри феҳристи ҷаҳонии дзюдо байни наврасон


Темур Раҳимов, варзишгари навраси тоҷик, дар феҳристи дзюдочиёни зӯртарини дунё байни кадетҳо (то 18-сола) дар вазни беш аз 90 кг дар мақоми аввал қарор дорад.

Темур Раҳимов, варзишгари навраси тоҷик, дар рейтинг ё феҳристи дзюдочиёни зӯртарини дунё байни кадетҳо (то 18-сола) дар вазни беш аз 90 кг пешсаф мебошад. Вай мақоми аввалро бо Воҳид Даурбекови русиягӣ тақсим кардааст. Ҳарду 360-имтиёзӣ доранд. Йур Спийкерси ҳолландӣ, ки аз пешсафон 58 имтиёз камтар гирифтааст, дар ҷойи севум қарор дорад.

Дар рӯйхати гуштигироне, ки дар вазни беш аз 90 кг рақобат мекунанд, ҳамагӣ 67 нафар дохил шудаанд. Дар байни онҳо боз ду варзишгари навраси тоҷик - Ардашер Мирзоев (64 имтиёз, ҷойи 26-ум) ва Хуршед Маҷидов (40 имтиёз, ҷойи 41-ум) ҳастанд.

Мавқеи варзишгарони дигари тоҷик дар феҳристи нави дзюдочиёни зӯртарини дунё байни кадетҳо (то 18-сола) чунин аст: дар вазни то 66 кг - Эраҷ Абдуллоев бо 106 имтиёз дар ҷойи 17-ум дар байни 194 дзюдочӣ, Салман Рамихудоев (60 имтиёз, ҷойи 43-юм), Илҳомҷон Ҳофиззода (40 имтиёз, ҷойи 68-ум) ва Раҳматуллобек Фарҳодов (20 имтиёз, ҷойи 92-юм), дар вазни то 90 кг - Ҳоҷимашраб Раҳмонов (80 имтиёз, ҷойи 27-ум дар байни 92 нафар), Шодибек Рашидов (16 имтиёз, ҷойи 61-ум), дар вазни то 50 кг - Фирдавс Абдуллоев (66 имтиёз, ҷойи 33-юм дар байни 121 нафар), дар вазни то 60 кг - Толиб Ҷебов (52 имтиёз, ҷойи 52-юм дар байни 203 нафар), Зоир Шайхуддинов (20 имтиёз, ҷойи 82-юм), дар вазни то 81 кг - Эмомҷон Камолов (22 имтиёз, ҷойи 58-ум дар байни 143 нафар), Аминҷон Ғафуров (2 имтиёз, ҷойи 112-ум), дар вазни то 73 кг - Усмон Мирзомуддинов (2 имтиёз, ҷойи 140-ум дар байни 169 нафар).

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик моҳи декабри соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон дар Ҳонконг чаҳор медал – се нуқра ва як биринҷӣ - ба даст оварданд. Дар сабқати кадетҳо Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кило бо медали нуқра ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Дар сабқати наврасон Аминҷон Ҷалолов дар вазни то 90 кило ва Санавбар Шанбиев дар вазни беш аз 90 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG