Ҷамолиддин Абдуллоев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола, ки дар пойтахти Чили -- шаҳри Сантяго -- ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.
Вай рӯзи 10-уми август дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш Чинг Лонг Овен Вонг (Ҳонконг), Маркос Сантос (Бразилия) ва Петру Пеливан (Молдова) дар қувваозмоии чаҳорумаш аз Марк Ҳристов (Булғористон) мағлуб шуд. Ҷамолиддин дар мубориза барои медали биринҷӣ аввал бар Иван Кукита (Аргентина), сипас бар Байрам Кандемир (Туркия) дастболо гардид ва мақоми севумро соҳибӣ кард.
Дар вазни зери 66 кило Ранто Катсура (Ҷопон), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Марк Ҳристов (Булғористон) ғолиб омад, бо медали тилло сарфароз гашт. Ҳристов медали нуқра гирифт. Ба ҷуз Ҷамолиддин Абдуллоев, гуштигири Канада Кеаган Янг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар вазни зери 66 кило боз як намояндаи Тоҷикистон - Разиаллоҳ Лоиқов - рақобат кард. Вале ӯ дар даври муқаддамотӣ аз Ранто Катсура (Ҷопон) шикаст хӯрд.
Паҳлавони дигари тоҷик Қурбоналӣ Бозоров, ки дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алеҷандро Ретамал аз Чили дастболо шуд. Вале ӯ баъдан аз Нурзод Салимбоеви қазоқ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориа барои медалҳо маҳрум шуд. Дар ин вазн Казбек Нагучев (Русия), ки дар финал бар Нурзод Салимбоев ғалаба кард, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст: Қурбоналӣ Бозоров (вазни зери 60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳарду вазни зери 66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг).
Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар даври аввал озод аст, рӯзи 11-уми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Намҳун Ли (Кореяи Ҷанубӣ)/Моисес Кортез Флорес (Гватемала) вориди рақобат мешавад. Эмомризо Қурбонов бошад, рӯзи 12-уми август дар даври аввал бо Акрам Буранов (Узбакистон) рақобат мекунад.
Чунонки вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Чили 428 варзишгар (230 писару 198 духтар) аз 64 кишвар иштирок дорад.
Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 6 медал (2 тилло ва 4 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Русия бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) дар мақоми дувум ва Олмон бо касби 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор доранд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 64 кишвар мақоми 18-умро касб кардааст.
Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон, ки дар ҳар ду сол баргузор мешавад, барои бори панҷум барпо мегардад. Чаҳор мусобиқаи пешин дар Будапешт (2009), Киев (2011), Майами (2013) ва Сараево (2015) доир шуда буд.
Мусобиқаи панҷуми қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон, ки дар Сантяго то рӯзи якшанбеи 13-уми август идома хоҳад кард, дар чаҳор рӯзи аввал аз рақобатҳои инфиродӣ иборат аст. Ҳаррӯз ғолибону ҷоизадорон дар чаҳор вазн (ду вазн миёни писарон ва ду вазн миёни духтарон) маълум мешаванд. Рӯзи охирин сабқати дастаӣ барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, соли 2015 Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар пойтахти Босния ва Ҳерзеговина – шаҳри Сараево - ҳашт варзишгар (шаш писару ду духтар) намояндагӣ карда буд. Аз байни онҳо танҳо Хуршед Маҷидов соҳиби медал шудааст. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Зимнан, ин нахустин медали варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон ба шумор меравад.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон дар Чили коршиносони соҳа аз бародари хурдии Хуршед Маҷидов – Ҷаҳонгир - ба даст овардани медалро чашмдоранд. Зеро ки ин паҳлавони 17-солаи тоҷик дар ҳамин ҳол дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни зери 81 кило миёни наврасон (кадетҳо), ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, бо 591 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст.
Дарвоқеъ, Ҷаҳонгир Маҷидов имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки моҳи июл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Аз ин пеш ӯ дар Ҷоми ҷудои Аврупо байни наврасон (European Judo Union), ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуда буд, мақоми аввалро касб кардааст.