Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон давраи омодагиро ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 дар Душанбе идома медиҳад.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки моҳи ноябри соли оянда баргузор мешавад, дар Душанбе омодагӣ мебинад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, даста бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев ҳар ҳафта як бор – рӯзи чоршанбе - дар толори назди Варзишгоҳи марказӣ тамрин мекунад.

“Баъди таъсиси Лигаи касбии футзали Тоҷикистон мо дар ин намуд истеъдодҳои наву ҷавонро пайдо кардем ва онҳоро барои санҷиш ба мунтахаби миллӣ даъват намудем. Умуман, пайдо шудани бозигарони хориҷӣ ва мутахассисон дар лигаи тозатаъсис ба рақобати солим ва рушди футзал дар кишвар мусоидат хоҳад кард”, - иброз доштааст Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон.

Ҳайати васеи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Шӯҳрат Беҳбудов («Сипар», Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Газпром», Душанбе), Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Юсуфзода (ҳарду – «ДИСИ Инвест», Душанбе), Манучеҳр Бектошев (РТСУ, Душанбе);

Бозигарони майдонӣ: Шерзод Ҷумъаев, Беҳрӯз Абдуалимов, Мансур Мамедбобоев, Саҳбон Назаров (ҳама – «Бонки миллӣ», Душанбе), Арсен Фармонбеков, Шавкат Ҳалимов, Ораз Ализода, Раҳмоналӣ Шарифов, Муҳаммад Раҳмонов (ҳама– «ДИСИ Инвест», Душанбе), Фирӯз Сангов, Сиёвуш Қаюмов (ҳарду – РТСУ, Душанбе), Дилшод Саломов, Акбар Ортиқов, Умед Қӯзиев, Меҳрубон Тиллозода (ҳама – «Газпром», Душанбе), Некрӯз Алиаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Шаҳзоди Шодрӯз (ҳама – ТКБ «Лизинг», Душанбе), Шаҳром Шодиев, Фурқат Аҳмадҷонов (ҳарду – «Сипар», Хуҷанд), Фаррух Худойназаров («Формула успеха»), Фирдавс Тусматов, Низом Махмаев (ҳарду – «Самандар», Турсунзода).

Сармураббӣ: Ҳусейн Шодиев.

XS
SM
MD
LG