Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018, ки аз 1-ум то 11-уми феврал дар Тайбэйи Чин баргузор мешавад, бо тими миллии Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахабии миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия 26-ум ва 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд.
Зимнан, моҳи феврали соли равон дастаҳои мунтахаби футзали Туркия ва Тоҷикистон ду бозии дӯстона доир карда буданд, ки ҳарду дидор дар шаҳри Ялова бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.
Бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Туркия барои тими миллии Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти 15-уми қаҳрамонии футзали Осиё ба шумор меравад. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳе, ки бозӣ хоҳад кард, 12-уми декабр бар асоси қуръакашӣ маълум мешаванд.
Аллакай таркиби сабадҳо, ки аз рӯи онҳо ҳангоми қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 дастаҳо тақсим мешаванд, маълум гаштааст. Ба мунтахаби Тайбэйи Чин ба ҳайси мизбони мусобиқот дар гурӯҳи “А” мавқеи аввал дода шудааст. Ба сабади якум, инчунин ҷоизадорони мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё дар Тошканд – Эрон, Узбакистон ва Тайланд - дохиланд.
Ба сабади дувум дастаҳои мунтахаби Ветнам, Қирғизистон, Ҷопон ва Ироқ ворид шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон ба сабади севум шомил гашт ва дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 бо дастаҳои Чин, Лубнон ва Урдун рӯбарӯ намешавад. Ба сабади чаҳорум Малайзия, Баҳрайн, Кореяи Ҷанубӣ ва Мянмар дохиланд.
Аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ ширкаткунандагони марҳилаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ (аз «A» то «D») тақсим мешаванд. Ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.
Бихишти руи замин ба хотире мегуянд ки хамаи чизи хостаатро мебинию аммо гирифта истеъмол карда наметавони. Ба як дидор сер мешави чун Чаннатихо ...
Хохишмандам асоси докторантон, ки тахсил доранд дар кучо навишта шудааст , ки онхо дар давоми тахсил аз хизмати харби озодан ва бад доктрантори (PhD) зинаи бади магистратура ё мутахассис озодан ва ё докторантони доктор илм мешудагихо Пешаки ташаккур ба радиои озоди
Танхо бо халки Точик хамингуна рафтор мекунанд Хукмат кучоро нигох мекунад ки аз хаки шахрвандонаш дифо намекунад!?
Ман гумон мекардам, ки писари Иззат Амон як нафари "образовани" аст, вале аз тарзи суханкуниаш шубҳаҳо пайдо шуд... Мақомот вақте шиканҷа мекунанд дар рӯй яъне аз гардан боло намезананд , онҳо аз гардан поён ба хусус дар ҳолатҳои марди мезананду токи свет мегузоранд дар бадан мезананд. Бояд як маротиба бадани падарашро хабар мегирифт ба хусус пушт ва ронҳои аояш ро мефаҳмид, ки шиканҷа шудааст ё не!
Беморию бедорию танхоию зулмат, Куштанд маро ,эй шаби хичрон сахарат КУ ???????????????