Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 бозигарро даъват кардааст: 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар.
Аз сабаби он ки мусобиқа дар Ҳиндустон дар рӯзҳои муқарраркардаи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) доир намегардад, ба мунтахаби Тоҷикистон легионерҳо, ба ҷуз аз ҳимоятгар Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), даъват нашуданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»).
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (ҳарчор аз «Истиқлол»), Алишер Баротов («Хатлон»), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия) ;
Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Отабек Каримов, Илҳомҷон Баротов, (ҳарду аз «Истаравшан»), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду аз ССКА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, (ҳарсе аз «Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).
Сармураббӣ - Усмон Тошев (Узбекистон).
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон нахустин бозиашро дар Аҳмадобод 7-уми июл бо тими мизбон – мунтахаби Ҳиндустон – анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик дар даври дуюм 10-уми июл бо мунтахаби Сурия рақобат мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм 15-уми июл бо тими миллии Кореяи Шимолӣ рӯбарӯ мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон, ки бо ширкати чор дастаи мунтахаб – Кореяи Шимолӣ, Сурия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон - аз рӯи системи даврӣ сурат мегирад, аз як давра иборат аст, яъне дастаҳо бо ҳам якборӣ рақобат менамоянд.
Баъдан аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба финал мебарояд. Бозии ниҳоӣ 19-уми июл доир мегардад.
Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «ЕКА Arena»-и Аҳмадобод баргузор мешаванд ва соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (19:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, шуруъ менамояд. Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ футболбозони тоҷик субҳи панҷшанбе, 4-уми июл, ба Ҳиндустон сафар хоҳанд кард.
“Ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои дастаи мунтахаби мо як давраи омодагӣ ба марҳилаи дуюми интихобии чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳи сентябри имсол оғоз меёбад, маҳсуб мешавад”, - гуфт ба Радиои Озодӣ Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Зимнан, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар моҳи июн ду бозии дӯстона анҷом дод. Бозии дӯстонаи футболбозони тоҷик 7-уми июн дар Душанбе бо тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон бозии дигари дӯстонаро 11-уми июн дар Гуанжоу ба тими миллии Чин бо ҳисоби 0:1 бохт.
Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадободи Ҳиндустон
Даври 1-ум
7 июл (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:30
Ҳиндустон – Тоҷикистон
8 июл (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:30
Сурия – Кореяи Шимолӣ
Даври 2-юм
10 июл (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:30
Тоҷикистон – Сурия
13 июл (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:30
Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ
Дари 3-юм
15 июл (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:30
Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон
16 июл (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:30
Ҳиндустон – Сурия
Финал
19 июл (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 19:30
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.