Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои ду даври марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе чор дастаи лигаи олӣ – «Истиқлол» (Душанбе), ССКА «Помир» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), инчунин се дастаи лигаи аввал - «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Душанбе-83» (Душанбе) ва «Шоҳмансур» (Душанбе) - иштирок доранд.

Мусобиқа дар минтақаи Душанбе аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Бозиҳо бо ширкати «Истиқлол» баъди иштироки қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2019 доир мегарданд.

Дар даври аввал дар минтақаи Душанбе, ки 31-уми январ доир гардид, «Кӯктош» аз «Ваҳдат» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар «Регар-ТадАЗ» ба дарвозаи «Шоҳмансур» панҷ голи беҷавоб зад. Се голро Наврӯз Рустамов ба самар расонида, хет-трик кард.

Ду бозии даври дувум 2-юми феврал баргузор шуд. ССКА «Помир» «Ваҳдат»-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бо ҳамин ҳисоб «Кӯктош» бар «Душанбе-83» ғолиб омад. Бозиҳои даври севум дар минтақаи Душанбе 4-уми феврал барпо мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – доир мегардад.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки 23-юми феврал оғоз меёбад, аз минтақаи Душанбе чор даста роҳ пайдо мекунад. Марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Суғд 20-уми январ, дар минтақаи Хатлон бошад, 30-юми январ оғоз ёфт.

Барандаи феълии Ҷоми ФФТ «Истиқлол» мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуда буд.

Ҷоми ФФТ-2019

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Ваҳдат» – 1:3

Голҳо: Фирӯз Бобиев, 22 – аз пеналтӣ (0:1). Абдурасул Раҳмонов, 68 (1:1). Умед Азизов, 80 (1:2). Фирӯз Бобиев, 89 (1:3).

Огоҳӣ: Султоншо Мирзоев («Кӯктош»), Хуршед Назарзода, Фирӯз Шамсиев («Ваҳдат»).

Беҳтарин бозигар: Фирӯз Бобиев («Ваҳдат»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

31-уми январ. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Шоҳмансур» – «Регар-ТадАЗ» – 0:5

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 8 (0:1). Ҳасан Рустамов, 11 (0:2). Наврӯз Рустамов, 33 (0:3). Наврӯз Рустамов, 52 (0:4). Алишер Холмуродов, 77 (0:5).

Огоҳӣ: Акбар Бобомуродов, Шерзод Маҳмадиев («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигар: Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

31-уми январ. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Даври 2-юм

«Ваҳдат» – ССКА «Помир» – 1:2

Голҳо: Артур Шабрин, 9 (0:1). Абдул Башир, 11 (0:2). Самариддин Расулов, 60 (1:2).

Огоҳӣ: Самариддин Расулов, Руслан Тиллоев («Ваҳдат»), Акбар Наҷмиддинов, Шаҳбоз Шарифӣ, Абдулмуъмин Забиров (ССКА «Помир»).

Беҳтарин бозигар: Абдулмуъмин Забиров (ССКА «Помир»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

2-юми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 1:2

Голҳо: Эйя Эдвард, 13 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 49 (1:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 56 (1:2).

Огоҳӣ: Исмоил Алимардонов, Парвиз Ҳамидов, Асамоа Бенҷамин, Иззатулло Рӯзиев, Фаромурз Саидов («Душанбе-83»), Бунёд Шодиев, Мунир Давлатбеков («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигар: Нодирбек Иброҳимов («Кӯктош»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

31-уми январ. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

1

0

0

5-0

3

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

1

0

0

2-1

3

3

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

2

1

0

1

4-3

3

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

1

0

1

3-4

3

5

«Истиқлол» (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

1

0

0

1

1-2

0

7

«Шоҳмансур» (Душанбе)

1

0

0

1

0-5

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

4-уми феврал (душанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Душанбе-83»

14:00 – «Шоҳмансур» – «Ваҳдат»

Даври 4-ум

6-уми феврал (чоршанбе)

11:00 – «Ваҳдат» – «Регар-ТадАЗ»

14:00 – «Душанбе-83» – «Шоҳмансур»

7-уми феврал (панҷшанбе)

11:00 – «Кӯктош» – ССКА «Помир»

Даври 5-ум

8-уми феврал (ҷумъа)

11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83»

9-уми феврал (шанбе)

11:00 – «Шоҳмансур» – «Кӯктош»

Даври 6-ум

11-уми феврал (душанбе)

11:00 – «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

14:00 – ССКА «Помир» – «Шоҳмансур»

Даври 7-ум

12-уми феврал (сешанбе)

11:00 – «Ваҳдат» – «Душанбе-83»

13-уми феврал (чоршанбе)

11:00 – «Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

XS
SM
MD
LG