Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯктош" бар "Хатлон" пирӯз омад. “Регар” аз ду хол маҳрум шуд


Хушҳолии бозигарони "Кӯктош"
Хушҳолии бозигарони "Кӯктош"

«Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Муҳиддин Одилов (дақиқаи 25-ум) ва Меҳроҷиддин Музаффаров (дақиқаи 52-юм) ба мизбонон се имтиёз овард. “Кӯктош” бо 10 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Бозии дигари даври шашум дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода миёни «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бидуни гол хотима ёфт. Ёдовар мешавем, даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи панҷшанбеи 9-уми май бо ду бозӣ бо ширкати пешсафони ҷадвал шуруъ шуда буд.

«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар меҳмонӣ ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, мавқеашро бо 16 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор кард. Ду голи "Истиқлол»-ро Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонид. Инчунин Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев якголӣ заданд. Голи ягонаи низомиён ба Ваҳдат Ханонов марбут аст.

Дар бозии дигари рӯзи панҷшанбе «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бозиро бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 0:0 ба поён расонд. Хуҷандиҳо бо 11 имтиёз мавқеашонро дар ҷойи дуюм нигоҳ доштанд.

Чаҳор бозии даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо ҳузури 16200 тамошобин доир гардид, ки ин нисбат ба даври панҷум 5000 кам аст. Аз ҳама бештар – 7 ҳазор мухлис – дар варзишгоҳи “Нефтяник” –и ноҳияи Рӯдакӣ бозии мизбононро муқобили “Хатлон” тамошо карданд. Умуман, аз оғози мавсим то ҳоло 24 бозии лигаи олии Тоҷикистонро дар варзишгоҳҳо 99 400 мухлис тамошо кардааст.

Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзҳои 18-19-уми май баргузор мешаванд. Бозии марказии даври охирини марҳилаи аввали мусобиқот миёни муддаиёни медалҳои тилло рӯзи якшанбеи 19-уми май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад. “Хуҷанд” бо “Истиқлол”-и Душанбе рақобат мекунад.

Зимнан, ҳарду даста баъди ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 15-уми май дар даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 ширкат меварзанд. «Хуҷанд» дар Ишқободи Туркманистон бо «Алтин Асир» ва «Истиқлол» дар Бишкеки Қирғизистон бо «Дордой» рӯбарӯ мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум

ССКА «Помир» – «Истиқлол» 1:4

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 49 (0:1). Алишер Ҷалилов, 76 – аз пеналтӣ (0:2). Ваҳдат Ханонов, 82 (1:2). Эҳсони Панҷшанбе, 89 (1:3). Шериддин Бобоев, 90+2 (1:4).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).

9 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 2000 тамошобин.

«Панҷшер» «Хуҷанд» 0:0

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

9 май. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошобин.

«Кӯктош» – «Хатлон» – 2:0

Голҳо: Муҳиддин Одилов, 25 (1:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 52 (2:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Худойдод Узоқов («Хатлон»), 69 – барои бо пой задани рақиб пас аз ҳуштаки сардовар.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

11 май. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 7000 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 0:0

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

11 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 4200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

5

1

0

22-6

16

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

8-5

11

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

6

3

1

2

10-8

10

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

2

2

2

8-9

8

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

6

2

1

3

5-10

7

6

«Хатлон» (Бохтар)

6

1

2

3

5-9

5

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

1

2

3

4-9

5

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

6

1

1

4

5-11

4

Нишонзанҳо: Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарсе аз «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан») –4-тӯбӣ.

Даври 7-ум

18 май (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Истаравшан» – «Кӯктош»

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

19 май (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

«Хатлон» – «Панҷшер»

XS
SM
MD
LG