Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт голи беҷавоби «Истиқлол» ба дарвозаи «Вахш»


Рӯзҳои 15-17-уми август бозиҳои даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи ҷумъаи 15-уми август бо бозӣ миёни дастаҳои «Энергетик” (Душанбе) ва “Равшан” (Кӯлоб) оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт.

Ду бозии дигари даври 10-уми мусобиқа рӯзи шанбе, 16-уми август, сурат гирифт. ССКА «Помир» (Душанбе) дар майдони худ тими «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)-ро бо ҳисоби 3-1 шикаст дод. Дар бозии марказии даври 10-ум «Хуҷанд» (Хуҷанд)бар тими меҳмон - «Хайр» (Ваҳдат) – бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд.

Ду бозии охирини мусобиқа рӯзи якшанбе, 17-уми август, барпо гашт. «Истиқлол» (Душанбе) бар дарвозаи дастаи меҳмон - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ҳашт голи беҷавоб зад. «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) дар майдони худ бар тими «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо ҳисоби 2-0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, дар чаҳор бозии даври даҳуми мусобиқа мизбонон пирӯз шуданд ва танҳо як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расид. “Истиқлол” ягона дастаест, ки то ҳоло мағлуб нашудааст ва бо 28 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

15-уми август, ҷумъа

«ЭНЕРГЕТИК» - «РАВШАН» - 2-2

Голҳо: Феликс Баффое, 42 (1:0). Тоҳири Баҳром, 64 – аз пеналтӣ (1:1). Ҳасан Рустамов, 67 – аз пеналтӣ (2:1). Абдухалил Боронов, 76 (2:2).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 500 тамошобин.

16-уми август, шанбе

ССКА «ПОМИР» - «ПАРВОЗ» - 3-1

Голҳо: Фурӯғ Қодиров, 39 (1:0). Алия Силла, 54 – аз пеналтӣ (2:0). Фарҳод Тоҳиров, 61 (2:1). Алия Силла, 84 (3:1).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ, 1000 тамошобин.

«ХУҶАНД» - «ХАЙР» - 1-0

Гол: Вайсиддин Сафаров, 78.

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», 6500 тамошобин.

17-уми август, якшанбе

«ИСТИҚЛОЛ» - «ВАХШ» - 8-0

Голҳо: Дилшод Восиев, 27 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 28 (2:0). Дилшод Восиев, 43 (3:0). Дилшод Восиев, 45 (4:0). Сиёвуш Асроров, 80 (5:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 84 (6:0). Хуршед Маҳмудов, 88 (7:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 90+1 (8:0).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 500 тамошобин.

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 2-0

Голҳо: Алексей Неъматов, Сафаралӣ Каримов.

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

10

9

1

0

43-4

28

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

5

3

2

12-12

18

3

«Хайр» (Ваҳдат)

10

5

1

4

14-12

16

4

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

10

5

1

4

16-19

16

5

«Энергетик» (Душанбе)

10

4

3

3

13-10

15

6

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

10

4

3

3

10-8

15

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

3

3

4

14-14

12

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

10

2

1

7

8-17

7

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

10

2

1

7

3-19

7

10

«Равшан» (Кӯлоб)

10

2

1

7

13-31

7

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 12 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 7-тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Алия СИЛЛА (ССКА «Помир») – 4-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG