Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Равшан» ва «Истиқлол» дар меҳмонӣ


Шоми 21-уми сентябр ду бозии даври 14-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон - “Вахш”бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Тӯбро Ҳасан Рустамов дар нимаи аввали бозӣ ба дарвозаи «Вахш» ворид кард.

Дар бозии дигар низ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд тими мизбон - “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Ду голи «Истиқлол»-ро Александр Кудряшов ба ҳадаф расонд. Дилшод Восиев ва Сиёвуш Асроров якголӣ заданд. Як голи мизбононро Валерий Андроник вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Ду бозии дигари даври 14-ум рӯзи якшанбе, 22-юми сентябр, миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат - ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Энергетик”-и Душанбе -“Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров баргузор мешавад.

Даври 14-ум
21-уми сентябр, шанбе.

«ВАХШ» - «РАВШАН» 0:1 Варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа.
Гол: Ҳасан Рустамов (дар нимаи аввали бозӣ).

«ХУҶАНД» - «ИСТИҚЛОЛ» 1:4 Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд.
Голҳо: Дилшод Восиев, 27 (0:1), Александр Кудряшов, 38 (0:2), Валерий Андроник, 47 (1:2), Александр Кудряшов, 73 (1:3), Сиёвуш Асроров, 81 (1:4).


22-юми сентябр, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 16:00


«ХАЙР» - ССКА «Помир». Варзишгоҳи «Хайр»-и Ваҳдат.
«ЭНЕРГЕТИК» - «ПАРВОЗ». Варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе.

Дар айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Равшан» бо 33 имтиёз дар ҷойи аввал, «Истиқлол» бо 30 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хайр» бо 21 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 11 11 0 0 17-2 33
2. «Истиқлол» (Душанбе) 12 10 0 2 35-6 30
3. «Хайр» (Ваҳдат) 11 6 3 2 19-11 21
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 2 3 14-11 20
5. «Энергетик» (Душанбе) 11 4 2 5 11-13 14
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 3 4 5 10-14 13
7. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 10 3 2 5 8-17 11
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 2 2 6 4-10 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 11 0 3 8 5-16 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 9 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол») – 5 тӯб.
XS
SM
MD
LG