Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи се бозии даври 13-ум дар лигаи олӣ


Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 14-уми сентябр се бозии даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими мизбон - “Истаравшан” - бо ҳисоби 3:1 пирӯз гашт. Ҳамлагари “Истиқлол” Толиб Султонов дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди 21 дақиқа Илҳом Баротов, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дувуми дидор Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол”, дар дақиқаҳои 65-ум ва 89-ум ду гол зада, бозиро ба нафъи дастааш анҷом дод.

Дар бозии дигар дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими мизбон - ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ҳалкунандаро Феликс Бафое, легионери африқоии «Энергетик аз Гана, дар дақиқаи 24-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии севуми рӯзи шанбе миёни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ба голи ҳимоятгари «Регар» Далер Шомуродов дар дақиқаи 77-ум бозигари мизбонон Гулзор Бутабеков дар дақиқаи 90+2 посух дод.

Бозии охирини даври 13-ум рӯзи якшанбеи 15-уми сентябр миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Хайр”-и Ваҳдат баргузор мешавад.

Даври 13-ум

14-уми сентябр, шанбе.

«ПАРВОЗ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1:1. Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов (ноҳияи Хуросон). Варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Голҳо: Далер Шомуродов, 77 (0:1). Гулзор Бутабеков, 90+2 (1:1).


ССКА «ПОМИР» - «ЭНЕРГЕТИК» - 0:1. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Гол: Феликс Бафое, 24.


«ИСТАРАВШАН» - «ИСТИҚЛОЛ» - 1:3. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан.
Голҳо: Толиб Султонов, 8 (0:1). Илҳом Баротов, 29 (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 65 (1:2). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 89 (1:3).


15-уми сентябр, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 16.30

«ХУҶАНД» - «ХАЙР». Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 10 10 0 0 16-2 30
2. «Истиқлол» (Душанбе) 11 9 0 2 31-5 27
3. «Хайр» (Ваҳдат) 10 6 2 2 19-11 20
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 2 3 14-11 20
5. «Энергетик» (Душанбе) 11 4 2 5 11-13 14
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 3 3 4 9-10 12
7. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 10 3 2 5 8-17 11
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 11 0 3 8 5-16 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 9 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол») – 5 тӯб.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG